Мурғоб, Марғоб ё Марғеб: Кумитаи забон гуфт, дар Тоҷикистон номҳои таърихиро эҳё мекунанд

Номи Мурғоб, ноҳияи дурдастарини кишвар ба меъёри забони тоҷикӣ ҷавобгӯ набудааст. Кумитаи забон барои тағйири он ба вазорату идораҳо пешниҳодашро кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 авг – Sputnik. Дар Тоҷикисттон 12778 ҷойном сабт шудааст, ки ғайримеъёрӣ буда ба қоидаҳои забон, қонунгузорӣ мутобиқат намекунад.
Дар ин бора раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон Олимҷон Муҳаммадҷонзода зимни нишасти хабарияш иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, аз арқоми зикршуда 7695 объекти ҷуғрофӣ ва 5083 маҳаллаи аҳолинишин ва шаҳраку шаҳру навоҳӣ ҳастанд.
“Ҳамагон меднед, ки дар сад соли ахир танҳо номи шаҳри Душанбе се маротиба иваз шуд. Мо дар даврони истиқлол қарор дорему соҳибихтиёрем, қонуну ва тартибу низом, қоидаҳои имлои худро дорем.Тарзи номгузории таърихи худро дорем”, - гуфт Муҳаммадҷонзода
Ӯ гуфт, кумита низ як самти фаъолияташ танзиими истилоҳот, ба меъёр даровардани қонуну қоидаҳо аз нигоҳи забонӣ ва эҳёи суннатҳои таърихии номгузорӣ аст.
Раиси ин ниҳод барои мисол калимаи Мурғоб, исми ноҳияи балндкуҳе дар ВМКБ-ро овард.
Дар Тоҷикистон 4,8 ҳазор ҷойномро дигар карданианд: сабаб
“Масалан Мурғобро мегирем оё дуруст аст? На. Он Марғоб аст. Агар шакли дурусти таърихияшро гирем Марғеб аст”, - гуфт мавсуф.
Муҳаммадҷонзода таъкид кард, ки қасд доранд, ки номи Мурғоб ба Марғоб иваз карда шавад.
Барои ин кор аллакай онҳо ба вазорату идораҳои дахлдор пешниҳодҳоро ироа кардаанд.
Ёдовар мешавем, ки қаблан раиси Кумитаи рушди маҳал Шарифҷон Ҷумъазода гуфта буд, ки 4833 ҳазор субъектҳои ҷуғрофӣ ва шаҳрҳои Тоҷикистон тағйири ном хоҳанд кард.