ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Бар асоси гузориши вазорати дифои Русия, режим Киев ахиран бори дигар талош кард бо истифода аз як қаиқ бидуни сарнишин ба як киштии нерӯҳои дарёии Русия, ки ҳамлу нақли дарёии ғайринизомиро ҳамроҳӣ мекард, ، ҳамла кунад.
"Имшаб режим Киев бори дигар бо як қаиқ бидуни сарнишини дарёӣ ба киштии неруии дарёии Русия, ки дар ҳоли ҳамроҳӣ намудани киштии ғайринизомӣ дар қисмати ҷануби ғарбии Баҳри Сиёҳ буд, иқдом кард. Бо иқдомоти ҳирфаӣ неруҳои Русия, қайиқи Украинӣ ба мавқеъ шиносоӣ ва мунҳадим шуд", хабар дод вазорати дифои Русия.
Рӯзи қабл, неруҳои мусаллаҳи Украина низ бо истифода аз се қойиқ бидуни сарнишини нима шиновар ба киштиҳои ҳамлу нақли ғайринизомии Русия дар масири тангаи Босфор дар ҷануби ғарбӣ Баҳри Сиёҳ, иқдом ба ҳамла террористӣ карданд.
Киштиҳои ҷангӣ ҳамроҳии ҳамлу нақли дарёӣ қаиқҳои бидуни сарнишинро шиносоӣ карда ва онҳоро мунҳадим карданд.
Илова бар ин, дар ҳамон рӯз неруҳои украинӣ талош карданд бо се қаиқи бидуни сарнишин ба киштиҳои гаштии Сергей Котов, Василий Биков ҳамла кунанд.
Таҷҳизоти душман хунсо шуд, хадамаи киштиҳои русӣ ба анҷоми вазоифи худ идома медиҳанд.