ДУШАНБЕ. 2 авг – Sputnik. Аъзам Ализода, раиси ноҳияи Мастчоҳ дар посух ба суоли рӯзноманигорон гуфт, ки ин ноҳия давоми як шаш моҳи охир чи қадар аз ҳукумати вилояти Суғд маблағҳои субвенсионӣ гирифтааст ва ин ноҳия чи вақт ба дараҷаи худкифоӣ хоҳад расид.
Бино ба иттилоъи ӯ, ноҳияи Мастчоҳ аз шумори шаҳру ноҳияҳои субвенсионии Суғд аст, ки зимнан дар муқоиса бо дигар ноҳияҳо аз ҳисоби буҷаи вилоят маблағи камтар мегирад.
“Давоми шаш моҳи соли ҷорӣ ҳамагӣ 4,5 млн сомонӣ маблағҳои субвенсионӣ аз буҷаи вилоят ба ноҳияи Мастчоҳ интиқол дода шудааст. Имсол аз ҳисоби зиёдшавии музди меҳнат маблағи субвенсионӣ 12 млн сомонӣ нақша шудааст” – иттилоъ дод, Ализода.
Чанде пеш сардори Раёсати молияи ҳукумати Суғд омори шаҳру ноҳияҳои субвенсионии Суғдро шарҳ дод, ки 11 адад шумурда мешуд.
Бино ба иттилоъи манбаъ инҳо шаҳру ноҳияҳои Ашт, Деваштич, Зафаробод, Конибодом, Кӯҳистони Мастчоҳ, Исфара, Истиқлол, Спитамен, Ҷаббор Расулов, Шаҳристон ва Мастчоҳ мебошанд, ки ҳамасола бо сабаби пӯшонида натавонистани хароҷоти худ аз ҳисоби буҷети вилоят маблағҳои субвенсионӣ мегиранд.
Бар пояи хабари сардори Раёсати молия як соли пеш дар умум ба ин 11 шаҳру ноҳия аз ҳисоби буҷаи вилоят беш 270 млн сомонӣ маблағҳои субвенсионӣ равон карда шудааст.
Раиси ноҳияи Мастчоҳ гуфт, ки тибқи барномае, ки рӯи даст доранд то соли 2024 ин ноҳия аз вартаи вобастагӣ раҳо ёфта иқтисодиёташ худкифо хоҳад шуд.
Ӯ, афзуд давоми як соли оянда бо азми соҳибкорони ноҳия фаъолсозии чанд корхонаи саноатӣ аз ҷумла коргоҳи истеҳсоли оҳаки сохтмонӣ, коргоҳҳои нави банду басти чормағи заминӣ ва асалу мумиё ба нақша гирифта шудааст, ки маҳсулоти онҳо ба хориҷи кишвар низ содир хоҳад шуд.