ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Тоҷикистон тасмим дорад, номҳои ҷуғрофиро як идда маҳалҳоро иваз кунад.
Дар ин бора зимни нишасти хабарӣ дар ҷамъбасти нимсолаи аввали соли 2023 раиси Кумитаи рушди маҳал Шарифҷон Ҷумъазода иттилоъ дод.
Ба иттилои ӯ, дар маҷмӯъ, ин тағйирот ба беш аз 4833 ҳазор субъектҳои ҷуғрофӣ ва шаҳрҳои Тоҷикистон дахл хоҳад кард.
Сабаби ин тасмими мақомотро номутобиқатӣ бо меъёри забон унвон кардааст.
Тибқи нақша дар назар аст, ки дар вилояти Суғд 170 ҷойном, Хатлон - 342, шаҳру навоҳии тобеи марказ 238 ва ВМКБ - 52 макон табдили ном карда шавад.
Дар ҳамин ҳол, Ҷумъазода мушаххасан нагуфт, ки тағйири ном кай оғоз мешавад ва ин тафовутҳо маҳз дар чист.
Қаблан раиси пешини Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода хабар дода буд, ки меъёри талаффуз ва имлои номҳои ҷуғрофӣ дар Тоҷикистон тавассути феҳристи вижа таъйид мешавад.
Ин тасмим пас аз шикоятҳо дар бораи талаффузи таҳрифи вижагиҳои ҷуғрофӣ аз мардуми бумӣ гирифта шудааст, ки ба кумита дар муайян кардани асли дурусти вожаҳо кумак мекунанд.
Ҳамчунин хабар дода шуд, ки феҳристи номҳои ҷуғрофии Тоҷикистон барои ба яксон овардани топонимҳои кишвар ба нашр омода мешавад.