ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Мақомоти масъули Тоҷикистон сабаби сабти ном нашудани иттиҳодияи динии зардуштиҳо ба раҳбарии Абдулқодир Талбаковро шарҳ дод.
Қаблан рӯзноманигори тоҷик эълон карда буд, ки вазорати адлия ба тағйири ному насаби ӯ иҷоза надодааст.
Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои ҳукумати Тоҷикистон, таъйид кард, ки шаҳрванд Абдулқодир Талбаков барои сабти созмони зардуштиҳо ба ин ниҳод муроҷиат кард, аммо ба гунаи шифоҳӣ, на хаттӣ.
“Ба он кас гуфтем, ки бояд кадом намуди ҳуҷҷатҳо таҳия ва пешниҳод шаванд, аммо рафту дигар муроҷиат накард”, - гуфт Давлатзода.
Вай афзуд, тибқи меъёрҳои қонунгузорӣ, барои ташкили як иттиҳодия ё ҷамоаи динӣ бояд даҳ пайрави ин ё он дину мазҳаб ба таври хаттӣ ба Кумитаи дин муроҷиат кунанд.
“Он кас бо ҳуқуқшиноси мо суҳбат карданд ва фаҳмонда шуд, ки кадом номгӯй аз аснод барои сабт зарур аст, аммо Талбаков дигар муроҷиат накард”, - гуфт раиси Кумитаи дин.
Абдулқодир Талбаков, як рӯзноманигор ва фаъоли мадании тоҷик, қаблан бо гаравиданаш ба дини зардуштӣ ва тағйири номаш ба Зардушти Ориёмеҳр дар шабакаҳои иҷтимоӣ сару садои зиёдеро барпо кард ва иддао намуд, ки ҳам зардуштияро сабти ном ва дар Тоҷикистон эҳё хоҳад кард ва ҳам номи аслиашро тағйир хоҳад дод.
Аммо ахиран ӯ бо пахши як навори видеоӣ эълон кард, ки дар ниҳодҳои вазорати адлия дархости ӯ дар бораи тағйири номро рад кардаанд ва ҳатто мулоқот бо худи вазири адлия Музаффари Ашӯриён низ мушкили ӯро ҳал накардааст.