ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Таврре раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни нишасти матбуотӣ гуфт, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ бештар аз 1,1 км роҳ аз таъмир бароварда шуд, ки аз он 109,6 км таъмири асосӣ, 567,7 км таъмири ҷорӣ ва 455,4 км шағалпӯш мебошад.
Ҳамзамон ба иттилои раиси вилоят аз ҳисоби буҷети вилоят 21,4 млн сомонӣ ҷудо карда шуда, 18,4 км роҳ аз таъмири асосӣ бароварда шуд.
Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилои вазорати нақлиёти кишвар дар ин давра корҳои нигоҳдории роҳҳо аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ ба маблағи 40,7 млн. сомонӣ ва аз буҷетҳои маҳаллӣ 6,2 млн. сомонӣ корҳои таъмиру нигоҳдорӣ иҷро гардидаанд.
Тибқи иттилои ин ниҳоди давлатӣ аз тарафи соҳибкорони ватанӣ ва аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳо ба маблағи 47,3 млн. сомонӣ корҳои таъмиру барқарорсозии роҳҳои автомобилгард ва иншооти он иҷро гардидаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022, 3,7 маротиба зиёд мебошад.
Дар маҷмӯъ 450,5 км роҳ (аз ҷумла асфалтпӯш 81,7 км ва 368,8 км шағалпӯш), 75 пул бо дарозии 1601 метр, 93 қубур бо дарозии 879 метр аз таъмир бароварда шуда, дар 4242 км роҳ таъмири ҷорӣ гузаронида шуда, инчунин корҳои кабудизоркунӣ ба маблағи 225,0 ҳазор сомонӣ нигоҳдории нақбҳо ва равшаннамоӣ ва дигар корҳо ба анҷом расонида шудаанд.
Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки бо истифода аз маблағҳои мутамарказонидашудаи Вазорат, барои муассисаҳои нигоҳдории роҳҳо сӯзишвории дизелӣ, битум қисмҳои эҳтиётӣ, маводҳои сохтмонӣ ва либосу пойафзори махсуси корӣ дастрас гардидаанд.
Инчунин вазорат қайд кардааст, ки дар нимсолаи якуми соли 2023 офатҳои табиӣ ба 303,4 км роҳ ба маблағи умумии 1 млн. 166,8 ҳазор сомонӣ дар ҷумҳурӣ зарар расонида, аз он 188,20 км роҳ ба маблағи 668,8 ҳазор сомонӣ аз ҷониби муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳру ноҳияҳои вазорат барқарор карда шуд.