Музокироти Русия ва Тоҷикистон барои таъсиси маркази "Сириус" дар Душанбе

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон бо ниҳоди зирабти Русия барои бунёду ифтитоҳи маркази "Сириус" дар шаҳри Душанбе музокирот дорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 авг – Sputnik. Маркази "Сириус", ки бунёдаш дар Тоҷикистон дар назар аст, аз марказҳои рушди истеъдодҳои дигар ба куллӣ фарқ карда, 3 самти асосии фаъолият хоҳад дошт, изҳор дошт муовини якуми вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ, Ҷамшед Ҷӯразода.
Вай зимни нишасти матбуотӣ гуфт, вобаста ба таъсиси маркази "Сириус", миёни вазоратҳои маорифи Тоҷикистону Русия фаъолона корбарӣ рафта истодааст.
Ноиби вазир изҳор дошт, ки макони эҳтимолии бунёди марказ дар масоҳати 3,3 гектар низ дар Душанбе дар наздикии мактаби русии ба номи Гагарин муайян шудасту ҷонибҳо аз он ҷо дидан кардаанд.
Ӯ афзуд, ки "Сириус" аз марказҳои рушди истеъдодҳо бо он фарқ хоҳад кард, ки дар он тамаркуз сари омӯзиши фанҳои дақиқу табиатшиносӣ вобаста ба таҳқиқоти илмӣ мешавад.
Бештари квотаҳои таҳсил барои Тоҷикистонро Русия ҷудо кардаст
Таъкид шуд, ки таҳқиқот бахшҳои мухталифи технология, физика ва кайҳонро фаро гирифта, барои омода кардани олимони ҷавон дар бахши илмҳои фундаменталӣ заминагузорӣ мекунад.
Омода кардани насли наврас ба олимпиадаҳои байналмилалӣ, аз самтҳои дигари фаъолияти "Сириус" дар Душанбе арзёбӣ гардид.
Ҷӯразода самти дигарро ба роҳ мондани машғулиятҳо бо сифати баланд бо истифодаи тахнологияи ҷадид гуфт.
"Дар муддати 24 рӯз машғулиятҳо гузаронда мешаванд, ки метавонанд то 500 нафарро фаро гиранд", - изҳор дошт ноиби вазири маориф.
Ӯ афзуд, ки дар доираи ин тарҳ ҳамчунин хобгоҳ барои то 300 нафар пешбинӣ мешавад.
Дар ин маврид гуфтугузорҳо идома дорад. Раванди хеле тӯлонии гуфтушунид аст, кор фаъолона ҳам аз ҷониби Тоҷикистон ва ҳам Русия ҷараён дорад.
Ҷӯразода дар бораи таъмини макотиби русӣ бо омӯзгорон изҳор дошт, ки талабот ба онҳо хеле ҷиддӣ буда, тибқи созишнома бояд 25%-ро Русия ва 75%-ро Тоҷикистон таъмин кунад ва ин кор ба хубӣ ба роҳ монда шудаст.