Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Патрушев: пирӯзии Русия дар Украина такон барои тағйирот хоҳад шуд

Ғалаба бар Ғарби дастаҷамъӣ дар Украина барои ташаккули низоми нави ҷаҳонӣ мусоидат мекунад, ки бар пояи гуногунии кишварҳои ҷаҳон ташаккул ёфтааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 31 июл — Sputnik. Амалиёти вижаи низомии Русия барои оғози падидаи нав - аксарияти ҷаҳонӣ замина гузошт, изҳор дошт дабири Шӯрои амнияти кишвар, Николай Патрушев.
Вай зимни суханронӣ дар ҷаласа бахшида ба таъмини амният дар Карелия гуфт, пирӯзии Русия бар Ғарб дар Украина такон барои тағйироти ҷадид хоҳад шуд.
Аз ҷумла таъкид кард, ки тағйирот дар тавозуни нерӯҳои ҷаҳонӣ ба суди дунёи бисёқутбӣ хоҳад буд.
"Амалиёти махсуси ҳарбӣ воқеан оғози ташаккули падидаи нав - аксарияти ҷаҳон шуда, дар доираи он бисёр кишварҳои ҷаҳон омодагии худро барои рушди мустақилона, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва соҳибихтиёрӣ аз гегемонияи Иёлоти Муттаҳида ва дигар давлатҳои ғарбӣ намоиш медиҳанд", - гуфт Патрушев.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
"Вақт меравад": Дар ИМА гуфтанд, ки Ғарб дар Украина аз чӣ бештар метарсад
Ғалабаи Русия бар Ғарби дастаҷамъӣ дар Украина як такони тавоно барои тағйири минбаъдаи тавозуни ҷаҳонии нерӯҳо ба нафъи муносибатҳои эҳтироми мутақобила ва муколамаи баробар мешавад, таъкид намуд дабири Шӯрои амнияти ФР.
Таъсиси як низоми ҷаҳонии бисёрқутбӣ, ки бар пояи гуногунии фарҳангӣ ва тамаддунии кишварҳои ҷаҳон аст, Патрушев натиҷаи ин амалиёт хонд.
Маврид ба зикр аст, ки Русия аз 24 феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомӣ анҷом медиҳад.
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин вазифаи онро "ҳифозати одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Ба гуфтаи раҳбари Русия, ҳадафи ниҳоии амалиёт озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти кишварро кафолат медиҳад.