Интиқом - зарбаҳои алоҳида не, балки моҳияти амалиёти вижаи низомии Русия аст

Артиши Русия ба иншоотҳои нерӯҳои Украина дар тамоми қаламрави таҳти назорати режими киевӣ зарбаҳои мушакӣ мезанад ва дар якчанд минтақаҳои ҷабҳа ҳамла дорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 31 июл — Sputnik. Пешрафт махсусан дар самтҳои Краснолиманский ва Купянский чашмрас аст. Ҳамаи кӯшишҳои "ҳамлаи ҷавобӣ"–и артиши украина саркӯб карда мешаванд - душман талафоти зиеди ҷонӣ ва техникаи ҷангиро дорад:то сеяки тамоми силоҳҳои вазнини ғарбӣ нобуд карда шудааст.
Қувваҳои мусаллаҳи Русия 26 июл боистифода аз силоҳи нишонзаниашон дақиқи ҳавоӣ ва баҳрӣ ба фурудгоҳҳо, нуқтаҳои идоракунӣ ва нуқтаҳои ҷойгиршавии артиши украинӣ, сехҳои васкунӣ ва мавзеъҳои нигоҳдории қаиқҳои бесарнишин, инчунин - мушакҳо, силоҳ ва техникаи ҳарбӣ, ки аз ҷониби кишварҳои НАТО дода шудаанд, зарбаҳои мутамарказ заданд.
Дар фазои фарохи оперативӣ аз Харков то Лвов, нуқтаҳои зеризаминии идоракунии ҳарбӣ дар наздикии Киев ва маркази алоқаи ҷангҳои кибернетикии артиши Украина ва НАТО дар вилояти Лвов, ҳавопаймоҳои украинии Су-24М ва анбори нигоҳдории мушакҳои бритониеии Storm Shadow дар фурудгоҳи Староконстантинов дар вилояти Хмелнитский, иншоотҳо дар фурудгоҳи Озерное - вилояти Житомир, қӯрхонаҳо ва техникаи ҳарбӣ дар вилояти Одесса, якчанд нуқтаҳои ҷойгиршавии зархаридони хориҷӣ дар Николаев, зерсохтори муҳим дар Харков, ки як рӯз пеш анборҳо бо бесарнишинҳои “Стриж” ва “Рейс” сӯхта буданд, дар натиҷаи зарбаҳои мушакҳои болдор ва ҳам фаросавтӣ осеб диданд ё нобуд карда шуданд.
Маҷмааҳои мудофиаи ҳавоии натогӣ ин дафъа низ дар назди "Кинҷал”-ҳо, "Искандар”-ҳо , "Оникс”—ҳо ва бомбаҳои ҳушманди банақшагирандаи русиягӣ заифии технологӣ нишон доданд.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
"Вақт меравад": Дар ИМА гуфтанд, ки Ғарб дар Украина аз чӣ бештар метарсад
Баъзе нозирон партоби якбораи 50 мушак дар рӯзи 26 июлро "зарбаи интиқом" барои пули Қрим мешуморанд, аммо ин тарзи баҳодиҳӣ хеле содда аст. Интиқоми тӯлонӣ дар замон ва макон аз ибтидо худи оғози қонунии амалиёти вижаи низомии русиягӣ мебошад.
Артиши украинӣ беш аз 500 рӯз инҷониб зери оташ қарор дорад – чун воситаи итоаткори сиёсати хориҷии таҷовузкоронаи ИМА ва НАТО.
Аён аст, ки ғайринизомисозии рӯирост ва мутассили Украина ошкоро ва бевосита ба манфиатҳои иқтисодӣ, захираҳои ҳарбӣ, худи ояндаи Ғарби коллективӣ дахл дорад. Ва Вашингтон кӯшиш мекунад, ки муноқишаро на барои нигоҳ доштани режими киевӣ, балки барои наҷот додани "яккаҳукмфармоии" худ идома диҳад.
Аз ин рӯ, Кохи Сафед омода аст, ки дар театри амалиёти ҷангии украинӣ садҳо миллиард доллар сарф кунад, захираҳои силоҳҳои артиши ИМА, тамоми захираҳои сафарбаррии қувваҳои мусаллаҳи Украина ва некӯаҳволии дигар ҳамсоякишварҳои аврупоӣ (аз ҷумла кишварҳои НАТО) - ро қурбон кунад.

Дурнамои озодкунии Харков

Воҳидҳои қувваҳои мусаллаҳи Русия дар самти Купянский 25 июл дарёи Жеребетсро дар наздикии Райгородок убур карда, деҳаҳои Новоегоровка, Надежда, Сергеевкаро озод карданд ва ба вилояти Харков баромаданд.
Рахназании нерӯҳои русиягӣ дар 3 км дар ҷабҳа ва умқ дар сафи артиши Украина тарсу ваҳм ва сипас ба 5 км ғарбтари мавқеъҳои таркардашуда ба таври бесарусомон "ақиб гаштан ” (гурехтан) - ро ба вуҷуд овард. Фармондеҳии украинӣ бо шиддат кӯшиш дорад, ки мавқеъҳои мудофиавии шарқии обанбори Осколро барқарор кунад (дар шимоли он Купянск, дар ғарбтараш бошад - Изюм ҷойгир аст).
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Нерӯҳои мусаллаҳи Русия як анбори сӯзишвории Украина дар Запорожеро тахриб карданд
Воҳидҳои русиягӣ дар марзҳои нав мустаҳкамтар ҷойгир шуданд ва якчанд ҳамлаҳои муқобилро саркӯб намуданд -душман дар як шабонарӯзи гузашта дар ин ҷо 190 нафар қувваи зинда ва 17 адад техникаи зиреҳпӯшро аз даст дод.
Ҳамлаи қувваҳои мусаллаҳи Русия ба Харков захираҳои артиши Украинаро “ба зону мешинонад", зеро самти асосии украинии ҳамлаи ҷавобӣ Запорожское (бо мақсади баромадан ба Мелитопол ва Бердянск) мебошад. Барои амалиёти фаъол ҳам дар шимол ва ҳам ҷануб қувва ва маблағҳои Киев кифоягӣ намекунанд.
Таҳти фишори Вашингтон, ки аз суръат ва натиҷаҳои 50 рӯзи аввали фаъолияти ҳамлаи украинӣ норозӣ буд, артиши Украина дирӯз "марҳилаи асосии ҳамлаи ҷавобӣ" – ро оғоз кард ва танҳо дар самти Орехов (Запорожйе) чор бригада - то 20 ҳазор хизматчиёни ҳарбӣ, 90 танк, 120 маҷмааи мушакии оташи силсилавӣ, 80 тӯпҳои артиллерӣ ва хумпораандозҳоро ҷамъ оварданд. .
Мушовирони низомии амрикоӣ ба фармондеҳони украинӣ тавсия медиҳанд, ки десанти тактикиро дар ақибгоҳи русиягӣ фуруд оранд, барои ин артиши украинӣ метавонад аз 30 - 60 чархболи мавҷударо истифода кунад.
Ҳадафи десантҳо бошад - тарсонидани нерӯҳои русиягӣ, ба амал овардани бесарусомонӣ, ҳарос овардан аст. Аммо дар ин маврид талафотҳои артиши украинӣ азим хоҳанд буд, эҳтимолияти шикасти амалиёт бошад 70% пешгӯӣ карда мешавад.
Дар ҳамин ҳол, 26 июл се гурӯҳи баталонии тактикӣ аз ҳайати бригадаҳои захираҳои стратегии қувааҳои мусаллаҳи Украина кӯшиш карданд, ки мудофиаи русиягиро дар наздикии маҳалҳои аҳолинишини Работино дар вилояти Запорожйе рахна зананд.
Мӯҳри хомӯшӣ: дар Ғарб аз муаммои нави вобаста ба Украина ҳарос доранд
Воҳидҳои бригадаи 810-уми пиёдагарди баҳрӣ ва полки 71-уми мототирандозии дивизияи 42-ум ҳамаи ҳамлаҳоро пас гардониданд ва 22 танк, 10 мошини ҷангии зиреҳпӯши савораи пиёданизом, инчунин - зиёда аз 100 сарбози украинро нобуд карданд.
Душман барои барқарор намудани қобилияти ҷангӣ ба мавқеи ибтидоӣ баргашт ва дар бораи Бердянск ва Мелитопол танҳо орзу карда метавонад.
Амрикоиҳо фармондеҳии артиши Укранинаро бо як сабаби оддӣ – афзоиши нерӯи қувааҳои мусаллаҳи Русия - ба шитоб водор мекунанд. Дар давоми 500 рӯзи амалиёти вижаи низомӣ Маскав иқтисодиёти кишварро бомуваффақият аз нав сохт, саноати мудофиа истеҳсоли аслиҳаро ба 12 маротиба афзоиш дод.
Таҳвили силоҳҳои нав ба қӯшунҳо якчанд маротиба афзуд. Артиши русиягӣ ҳамарӯза қобилияти ҷангиашро сайқал медиҳад. Русия ба "ҷанги бузург" ҳамаҷониба омодагӣ мегирад
Таҳлилгарони воқеабини ғарбӣ иҷрои фаврии ҳама шартҳои Маскав аз ҷониби Киевро шонси охирин барои нигоҳ доштани қаламрав ва давлатдории зери назорати украинӣ мешуморанд.
Фақат "одати бузургманишӣ" ба Ғарби коллективӣ барои баҳои воқеӣ додан ба низои украинӣ ва ба "хатари хокистаршавии Аврупои Ғарбӣ" халал мерасонад. Бо вуҷуди ин, таҳлилгарони низомии ИМА аллакай оғози фурӯпошии НАТО – ро дар соли 2024 пешгӯӣ мекунанд.