ДУШАНБЕ, 30 июл – Sputnik. Панҷ ширкати ҳавопаймоии Русия ва як ширкати тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли равон дар фурудгоҳи Хуҷанд мусофирбарӣ кардаанд.
Дар ин бора Агентии ҳавонавардии мулкии Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки шумораи умумии хатсайрҳои хизматрасонидашуда беш аз 1,6 ҳазор ададро ташкил дод, ки нисбат ба нимсолаи якуми соли гузашта беш аз 340 адад зиёд мебошад.
Фурудгоҳи Хуҷанд ба 486 ҳазор мусофир хизмат расонидаст, ки ин нисбат ба нимсолаи якуми соли гузашта беш аз 119 ҳазор мусофир бештар аст.
Агентии ҳавонавардии Тоҷикистон таъкид намуд, ки боркашонӣ аз тариқи фурудгоҳи Хуҷанд низ афзоиш ёфта, қариби 49 ҳазор тоннаро ташкил додаст.
Фурудгоҳи Кӯлоб дар нимсола ба 152 ҳазор мусофир хизмат расондаст, ки ин нисбати нимсолаи якуми соли гузашта қариби 3 ҳазор нафар зиёд мебошад.
Дар нимсолаи якуми соли 2023 фурудгоҳҳои байналмилалии кишвар ҳамагӣ ба қариб 1,7 млн мусофир хизмат расондаанд, ки аз ин қариб 1 млн нафараш ба фурудгоҳи байналмилалии Душанбе рост меояд.
Мусофирбарӣ аз тариқи фурудгоҳи байналмилалӣ дар шашмоҳаи соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариби 400 ҳазор нафар ё 30% афзоиш ёфтаанд.