ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Дар натиҷаи баланд шудани ҳарорати ҳаво сатҳи дарёи Сугат дар мавзеи ноҳияи Лахш баланд шуда, боиси омадани сел гардид, хабар медиҳад дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода.
Бар хабари манбаъ, бар асари омадани сел ҳудуди 30 дақиқа маҷрои дарёи Сурхоб баса шуд ва 300-400 метр роҳ зери об монд.
КҲФ афзуд, ҳоли ҳозир роҳи мошингард дар ин мавзеъ ҳудуди 300-400 метр баста шуда, ҳаракати мошинҳо мамнӯъ аст.
Зикр гардид, ки корҳои барқарорсозӣ аз сӯи мақомотои марбута идома доранд.
Ёдовар мешавем, тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар, рӯзҳои 29-31 июл дар як қатор ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ омадани сели маҳаллӣ, болоравии сатҳи оби дарёҳо, лағзиши ярч ва селу сангрезахо давом доранд.
КҲФ бо таваҷҷӯҳ ба шароити номусоиди обу ҳаво бори дигар ба аҳолӣ муроҷиат намуда, хоҳиш мекунад, ки дар ин рӯзҳо аз шикору чаронидани чорво бояд худдорӣ кард.
Кумита шаҳрвандонро даъват мекунад, ки қоидаҳои оддии амнияти шахсиро риоя кунанд, аз сайру гашт дар кӯҳҳо, ҷамъоварии ҳосил ва ҳезум худдорӣ кунанд.
Ҳамчунин ба хотири ҷилавгирӣ аз садамаҳо дар роҳҳо, бахусус ҳангоми истифода аз роҳҳои кӯҳӣ ва ағбаҳо Кумита аз ронандагон даъват мекунад, ки пеш аз сафар аз ағбаҳои кӯҳӣ маълумот дар бораи вазъи роҳҳо, шароити обу ҳаво ҷамъоварӣ намуда, воситаҳои нақлиёти худро ба сафар омода созанд.