Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Песков дар бораи музокироти Русия ва Украина: Киев мавқеи оштинопазирро пеша кардааст

Федератсияи Русия ба фарқ аз ҷониби Украина барои ҳалли низоъ омода аст ва пушниҳодоти ҳалли низоъро бодиққат баррасӣ мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 июл – Sputnik. Русия ҳамчунон барои созиш дар масъалаи Украина омода аст, дар ҳоле ки мақомоти Киев, ҳатто дар вазъияти душвор, мавқеъи оштинопазирро риоя мекунанд.
Дар ин бора Дмитрий Песков, котиби матбуотии раисиҷумҳури Русия ба хабарнигорон изҳор дошт.
"Ҷониби Русия ошкорбаёнии худро нигоҳ медорад, ки онро дар бораи украинҳо гуфтан мумкин нест. Украинҳо мавқеи оштинопазири худро нигоҳ медоранд, бахусус ҳоло, вақте ки онҳо дар вазъияти хеле душвор қарор доранд, аммо бо вуҷуди ин ҳар гуна имкони муколамаро рад мекунанд", - гуфт ӯ.
Песков дар дар посух ба ин савол, ки оё дар тӯли як моҳи охир дар роҳи ҳалли низоъ ягон тағйирот ба амал омадааст, ҷавоби рад дод.
"Не, сурат нагирифтааст. Ҳарчанд Русия барои ноил шудан ба ҳадафҳои худ ба музокирот омода аст, аммо бо вуҷуди вазъияти хеле душворе, ки ҷониби Украина ҳоло дар он қарор дорад, то ҳол чизеро тағир надодаанд.Онҳо имкони ҳар гуна гуфтушунидро рад мекунанд", - афзуд вай.
Лавров: Русия дархости музокира бо Украинаро накардааст
Песков таваҷҷуҳро ба он ҷалб кард, ки шоми имрӯз раисиҷумҳури Русия Владимир Путин бо намояндагони кишварҳои африқоӣ оид ба масъалаҳои Украина мулоқот хоҳад кард.
Дар ҳамин ҳол, раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар суҳбат бо сарони кишварҳои африқоӣ гуфт, ки Маскав ба нақшаҳои Африқо барои ҳалли низоъ дар Украина эҳтиром мегузорад, зеро ин як мушкили шадид аст,
Ба гуфтаи вай, Русия аз баррасии ин масъала канорагирӣ намекунад ва ташаббусҳоро бодиққат баррасӣ менамояд.