ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Дар вилояти Хатлон мақомот аз камбуди ҷойҳоро дар муассисаҳои таълимӣ мегӯянд.
Ғазалшоҳ Сафарзода, мудири шуъбаи маорифи вилоят зимни нишасти хабарӣ ба чунин мушкил ишора кард.
“Яке аз мушкилоти умдаи соҳаи маориф дар вилояти Хатлон ҳамасола афзоиши шумори хонандагон аст", - афзуд ӯ.
Ҳамин тариқ, дар соли таҳсили 2022-2023 теъдоди муҳассилин дар шаҳру навоҳии Хатлон беш аз 27 ҳазор нафар афзоиш ёфтааст.
Барои ҳалли ин мушкил ба гуфтаи ӯ, ҳар сол камаш 100 муассисаи таълимӣ сохтан лозим аст.
Вай таъкид кард, ки дар солҳои 2022-2023 дар вилоят 85 иншооти таълимӣ сохта ба истифода дода шуда, беш аз 13 ҳазор хонанда дар як баст дар он таҳсил хоҳанд кард.
Сохтмони боз кариб 300 мактаби дигар низ давом дорад.
Гуфта мешавад, соли таҳсили гузашта дар вилояти Хатлон беш аз 1,3 ҳазор муассисаи таълимӣ фаъолият дошт, ки дар онҳо беш аз 844 ҳазор нафар таҳсил мекарданд.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки дар муассисаҳои таълимии пойтахти Тоҷикистон пардохти ғайринақдӣ барои китобҳои дарсӣ ҷорӣ мешавад.