ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон (ДДТТ) меъёри қабули донишҷӯёнро боло бурд.
Дар ин бора дар нишасти матбуотӣ ректори донишгоҳ Маҳмадшо Гулзода хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, дар соли хониши имсол 2000 довталаб ба донишгоҳ қабул мешаванд.
Гуфта мешавад, ки ин нисбат ба соли 2022 500 нафар зиёд аст.
Гулзода гуфт, ин тасмим дар робита ба мушкилоти мавҷуд дар соҳаи тандурустии Тоҷикистон гирифта шудааст.
"Қабули довталабон ба чунин факултаҳо, ба мисли педиатрия зиёд шудааст, дар ҷумҳурӣ духтурони педиатрӣ, инчунин оид ба тибби профилактикӣ намерасанд, зеро ҳалли мушкилот, аз қабили COVID-19, нишон медиҳад, ки дар ин соҳа мутахассисон каманд”,- гуфт ректори донишгоҳ.
Гуфта мешавад, ки ба манзури афзоиши ҳаҷми тавлиди доруворӣ дар Тоҷикистон факултаи дорусозӣ низ қабули довталабонро афзоиш додааст.
Ҳоло дар ДДТТ 12,3 ҳазор нафар таҳсил мекунанд.
Илова бар ин, дар шаш моҳи аввали соли 2023 теъдоди донишҷӯёни хориҷӣ дар донишгоҳи тиббӣ афзоиш ёфтааст: ҳудуди 2000 нафар аз 23 кишвари ҷаҳон барои гирифтани таҳсили тоҷикӣ омадаанд.
Дар донишгоҳ дарсҳо бо се забон – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ сурат мегиранд.
Гуфта мешавад, ки теъдоди умумии донишҷӯёни донишгоҳҳо 13 ҳазору 543 нафар буда, танҳо дар соли таҳсили 2022-2023 донишгоҳро 2075 нафар хатм кардаанд, ки аз ин шумора 1639 нафари ватанӣ ва 436 нафари хориҷӣ мебошанд.
Ин иқдоми донишгоҳ барои рафъи камбуди норасоии табибон дар ҳолест, ки мутахассисони соҳа ҳамасола ба далели маоши паст кор дар хориҷро интихоб мекунанд.
То кадом ин чораҷӯӣ коромад хоҳад буд, суоли вақт аст.