ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Амалиёти наҷоти кӯҳнавардони бритониёӣ, ки бар асари афтодан ҳангоми баромадан ба қуллаи Патхор дар минтақаи Шуғон ҷароҳат бардоштаанд, дар Помир анҷом ёфт.
Дар ин бора дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ ва мудофиаи граждании Тоҷикистон хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки ҳангоми муоина дар кӯҳнавардҳо ҷароҳатҳои вазнин, аз қабили шикасти устухонҳо ва қабурғаҳо ошкор нашудааст.
"Ҳарду бритониёӣ аз интиқоли минбаъда барои табобат худдорӣ карда, сафари худро дар қаламрави ВМКБ идома доданд", - гуфтанд дар КҲФ.
Ёдовар мешавем, рӯзи 20 июл ба кумита дар бораи аз баландӣ дар Помир дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон афтидани ду шаҳрванди Бритониё иттилоъ расида буд.
Дар натиҷаи ин ҳодиса як марди 60-сола ва як марди 67-сола ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд.
Наҷотдиҳандагон барои кӯмак ба онҳо ҳозир шуда, ёрии аввалия расониданд. Бо чархболи Вазорати мудофиа онҳоро ба ҳудуди ҷамоати деҳоти Басиди ноҳияи Рӯшони ВМКБ, ки дар баландии 2350 метр аз сатҳи баҳр воқеъ аст, расониданд.
Дар ибтидо тахмин зада мешуд, ки яке аз шаҳрвандони Британияи Кабир имкон аст сутунмӯҳрааш шикаста бошад. Баъдан ин маълумот таъйид нашуд.