ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Дар нимаи аввали соли 2023 дар Тоҷикистон ҳудуди 170 корҳои муҳандисию геологӣ анҷом дода шуд.
Дар ин бора дар нишасти матбуотӣ сардори Сарраёсати геологияи ҷумҳурӣ Илҳомҷон Оймуҳаммадзода хабар дод.
Гуфта мешавад, ки натиҷаи таҳқиқот кашфи 100 минтақаи барои зиндагӣ хатарноки кишвар будааст.
Ҳамин тариқ, аз ҷониби геологҳои Тоҷикистон аз ҳама минтақаҳои хатарнок муайян карда шуданд:
шаҳри Роғун – 24 объект;
дар ҳудуди вилояти Хатлон: дар Панҷ (15), Вахш (17) ва ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ (20).
Шумораи камтарини манотиқи хатарнок дар Турсунзода, Конибодом, Хоруғ, Варзоб ва Рашт ҷойгир шудааст.
Қаблан як гурӯҳи олимони рус ва тоҷик дар доманакӯҳҳои Помир экспедитсияи геоархеологӣ анҷом дода буд.
Объекти асосии кофтуковҳои археологӣ дар баландии 2 ҳазор метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шудаанд.
Ба гуфтаи Раҷаб Қурбонов, ходими пешбари илмии факултети ҷуғрофияи Донишгоҳи давлатии Маскав, ҳафриёт дар мавзеъҳои палеолити лесс соли шашум аст, ки анҷом мешавад.