Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

ВАО: Артиши Украина ҳангоми ҳамла наздик ба 20% таҷҳизоти низомии НАТО-ро аз даст дод

Нашрияи Financial Times менависад, ки режими Киев талафоти 20 дарсадии таҷҳизоти НАТО ҳангоми ҳамлаи ҷавобиро эътироф мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Кишварҳои Ғарб ва Киев эътироф мекунанд, ки дар ҷараёни ҳамлаи ҷавобӣ артиши Украина тақрибан 20 дарсади таҷҳизоти низомии НАТО-ро, ки дар ихтиёри ин кишвар гузошта буд ва бояд дар амалиёт истифода мешуд, аз даст додааст, иттилоъ додааст РИА “Новости” бо истинод ба нашрияи Financial Times.
"Талафот аз амалиёти зиддиҳамлаи эълоншудаи артиши Украина хеле сангин ва бармаҳал буд... Киев тақрибан 20 дарсади таҷҳизоти НАТО-ро ки дар ин амалиёт истифода мешуд аз даст дод", - навиштааст нашрия.
Ҳамлаи ҷавобии Украина дар самтҳои ҷануби Донецк, Артёмовск ва пеш аз ҳама, Запорожие 4 июн оғоз ёфт.
Киев нерӯҳояшро, ки аз ҷониби НАТО таълим дода шудаанд ва бо таҷҳизоти ғарбӣ муҷаҳҳаз шудаанд, аз ҷумла танкҳои таблиғшудаи "Леопард"- ро ба майдон андохтааст – танкҳои оташгирифтаи дар майдони набард дар Ғарб боиси сару садоҳои зиёде шуд.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Володин: интиқоли силоҳ аз Ғарб ба Украина ба натоиҷи амалиёти вижа таъсир надорад
Тавре ки раисиҷумҳур Владимир Путин рӯзи 21 июл изҳор дошт, барои нерӯҳои украинӣ “ҳадди ақал то ҳол” натиҷае ба даст наомадааст ва лӯхтакбозони ғарбӣ аз ҷараёни “ҳамлаҳои ҷавобӣ” ноумед шудаанд.
Ба гуфтаи ӯ, ба Киев "на захираҳои бузурге, ки ворид мешаванд, на таъминоти силоҳ, танкҳо, тӯпхонаҳо, зиреҳпӯшҳо, мушакҳо ва на фиристодани ҳазорон зархарину мушовирон" кӯмак намекунад.
Вазири дифои Русия Сергей Шойгу рӯзи 11 июл қайд кард, ки талафоти Киев дар он замон беш аз 26 ҳазор низомӣ, 21 ҳавопаймо ва 6 чархбол, 1244 танк ва ҳазорҳо техникаи дигар, аз ҷумла 17 танки "Леопард" ва 12 мошини ҷангии пиёдагарди Брэдлиро ташкил додааст.