Тоҷикистон беш аз 300 нашрия дорад

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, ки бо қарори ҳукумат масъулияти пешбурди феҳрасти ягонаи муассисаҳои бахши ношириро дорад, теъдоди нашрияҳоро эълон намуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Аксарияти рӯзномаю маҷаллаҳои сабтшуда дар Тоҷикистон давлатӣ мебошанд, иттилоъ дод Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, дар вазорат дар маҷмуъ 165 рӯзнома сабти ном гардидаанд, ки аз инҳо 99 ададашон давлатӣ ва 66 адад мустақил мебошанд.
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон теъдоди маҷаллаҳои сабтшуда дар ҷумҳуриро 149 адад арзёбӣ намуд, ки аз инҳо 121 ададашон давлатӣ ва 28 мустақиланд.
Шумораи матбааҳо ба 105 адад баробар гардидаст, ки аз инҳо 16 давлатӣ ва 89 мустақил мебошанд.
Ба иттилои Вазорати фарҳанг дар кишвар ба ҳолати аввали июли соли равон 6 агентии хабарӣ дар қайд мебошоанд, ки 1 ададашон давлатӣ буда, боқимонда мустақиланд.
Аз 8 нашриёт дар ҷумҳурӣ 5 адад моли давлату 3 мустақиланд, афзуд Вазорати фарҳанг.
Ин ниҳод таъкид кард, ки дар нимсола 34 рӯзнома, аз инҳо 22 давлатӣ, 29 маҷалла, аз инҳо 26 давлатӣ, 13 матбаа, аз инҳо 3 давлатӣ, 20 нуқтаи фурӯши китоби мустақил, 3 нашриёти давлатӣ, 3 агентии иттилоотии мустақил ба ҳисоб гирифта шудааст.
Дар Душанбе Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил шуд
Ин ниҳод афзуд, ки бахши матбуотро мавриди таваҷҷуҳ қарор дода, ба кормандони соҳа барои муваффақият ва комёбиҳои назаррас нишонҳои "Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон", ифтихорномаҳо ва сипосномаҳои Вазорати фарҳанг тақдим мегарданд.