ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. КВД "Хоҷагии манзилию коммуналӣ" дар самти гузариш ба пардохтҳои ғайринақдӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, нақша дорад, ки тибқи вақти муқарраргардида, тамоми пардохтҳои хизматрасониро тариқи ғайринақдӣ ба анҷом расонад.
Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ муовини Директори генералии корхонаи мазкур Раҷабалӣ Расулзода иттилоъ дод.
Ба гуфтаи мавсуф, корхона ба нақша гирифтааст, ки пардохти нақдиро тариқи гузаштан ба системаи биллингӣ, ки махзани иттилоотии молиявиро вобаста ба баҳисобгирии муштариён осон мегардонад, амалӣ намояд.
"Корхонаи давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ" дар самти фаъолияти худ гузаштан ба сиситемаи биллингиро муҳим мешуморад, зеро он чун махзани ягонаи иттилоотӣ тамоми муштариёни корхона, аз ҷумла аҳолӣ, ташкилоти тиҷоратӣ ва буҷавиро фаро гирифта, онҳоро ба ҳисоб мегирад ва дар навбати худ ҳисобу китоби дақиқ пешниҳод менамояд”, - гуфт ӯ.
Ҳамчунин вай илова кард, ки гузаштан ба системаи пардохтҳои ғайринақдӣ кори онҳоро осон месозад.
Ёдовари мешавем, ки дар асоси Фармони Президенти Тоҷикистон "Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ", ки 22 июни соли равон ба тасвиб расид, аз 1 августи соли 2023 пардохти тамоми хизматрасонии муздноки давлатӣ тариқи ғайринақдӣ амалӣ мешавад.