Бемасъулиятии волидон дар Тоҷикистон бештар шудааст

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон теъдоди санадҳои мамъурӣ ва ҳаҷми ҷаримабандиҳоеро, ки нисбати волидони бемасъулият татбиқ шудаанд, эълон кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Дар Тоҷикистон сабти ҳолатҳои иҷро накардани ӯҳдадориҳои падару модар дар тарбияи фарзандон бештар шудааст.
Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ мақомдори дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон Суҳайлӣ Абдуҳафиззода хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, танҳо дар моҳҳои январ-июни соли 2023 нисбати 8,7 ҳазор волидайн барои иҷро накардани уҳдадориҳо дар тарбияи фарзанд санадҳои маъмурӣ тартиб дода шудаанд.
Абдуҳафиззода қайд кард, ки ин теъдод нисбат ба ҳамин соли гузашта бештар мебошад.
Аз садҳо муроҷиат ба омбудсмени Тоҷикистон камтар аз 4%-ашон мусбат ҳал шудаанд
Вай афзуд, ки беш аз 5 ҳазор нафар ба маблағи қариб 815 ҳазор сомонӣ ҷарима баста шуданд.
Дар баробари ин, шумораи ҳуқуқвайронкуниҳо аз ҷониби наврасон қариб 40% кам шудааст, афзуд манбаъ. Ҳамчунин, ҷиноят алайҳи кӯдакон дар Тоҷикистон тақрибан 10% коҳиш ёфтааст.
Маврид ба зикр аст, ки тайи 6 моҳи аввали соли равон муроҷиатҳо барои пешгирии хушунати оилавӣ ба дафтари омбудсмен афзоиш ёфта, ба 5 адад расидааст.
Таъкид шудааст, ки дар 2 маврид муроҷиатҳо дар мавриди хушунат алайҳи кӯдакон будааст.