ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Дар Душанбе баргузории ярмаркаҳои рӯзҳои истироҳат идома доранд.
Дар ин ярмаркаҳо сокинони пойтахт имкон доранд маҳсулот гуногун аз манотиқи мухталифи Тоҷикистонро харидорӣ намоянд.
Ҳамин тавр, дар рӯзҳои истироҳати оянда намоишгоҳҳо ва фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ низ баргузор мешаванд, хабар медиҳад хабаргузории "Ховар" бо истинод ба Вазорати кишоварзӣ.
29 июл метавон маҳсулоти кишоварзиро аз боғҳои истироҳативу фароғатӣ харидорӣ кард:
Боғи Садриддин Айнӣ — деҳқонони Хуҷанд маҳсулоти худро намоиш медиҳанд;
"Курӯши Кабир" - ноҳияи Тоҷикобод;
Абулқосими Фирдавсӣ — кишоварзони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ маҳсулоти худро ба фурӯш мегузоранд.
30 июл дар манотиқи зерин метавон маҳсулоти кишоварзии арзон харид:
Дар боғи "Чавонон" ярмаркаи маҳсулоти хоҷагии қишлоқи Бӯстон барпо мегардад;
Дар боғи Алишер Навой — деҳқонони ноҳияи Сангвор маҳсулоти худро намоиш медиханд;
Дар "Боғи Ирам" – метавон маҳсулоти ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадониро харидорӣ кард.
Бояд гуфт, ки дар ярмаркахо кишоварзон тамоми махсулоти кишоварзиашонро бо нархи арзонтар аз нархи бозору мағозаҳо ба фурӯш мегузоранд.