ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Дар шаш моҳи соли равон кормандони хоҷагии ҷангали вилояти Хатлон 411 санади қонунвайронкунӣ ба маблағи 218 ҳазор сомонӣ тартиб додаанд, иттилоъ додааст сомонаи “Фараж”.
Ба иттилои манбаъ аксари харобкорони ҷангал барои буридани ғайриқонунии дарахтон ҷарима шудаанд.
Мирмаҳмад Давлатов, муовини сардори Раёсати хоҷагии ҷангали вилоят хабар додааст, ки аз санадҳои тартибдодашуда нисбати 104 шаҳрванд санади ҳуқуқвайронкуни маъмурӣ ба маблағи 25 ҳазор сомонӣ тартиб дода шудааст.
Манбаъ иттилоъ додааст, ки маблағи дар боло зикршуда пурра ситонида шудааст.
Ба гуфти манбаъ, аз 411 санад 285 санади он ба мабалағи 138 ҳазор сомонӣ буридани ғайриқонунии дарахтони ҷангал, 24 санад ҷамъоварии ғайриқонунии маҳсулоти ҷангал, 85 санад чорвочаронии худсарона дар ҷангалзорҳои навбунёдгардида ва 7 санади дигар шикори ғайриқонунии ҳайвонот ва парандагон мебошад.
Тибқи иттилои Хоҷагии ҷангали Тоҷикистон айни замон масоҳати заминҳои ҷангалпӯши Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо 3 фоиз аз масоҳати умумии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд.
Ба иттилои манбаъ, дар кишвар арчазорҳо масоҳати аз ҳама зиёдро ташкил дода, масоҳати онҳо ба 150 ҳазор гектар баробар мебошанд. Арчазорҳо асосан дар қисми шимолии ҷумҳурї паҳн гардидаанд.
Масоҳати пистазорҳо - 78000 гектар, чормағзорҳо - 10000 гектар, саксаулзорҳо - 12000 гектар, сафедзорҳо - 10000 гектар, зарангу фаркҳо - 46000 гектар ва боқимонда дарахту буттаҳо зиёда аз 200000 гектарро ташкил медиҳанд.
Дар ҳудуд ва дар наздикии мавзеъҳои ҷойгиршавии ҷангалҳо қариб 70 фоиз аҳолии Тоҷикистон зиндагонӣ мекунанд.