ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Рӯзҳои 25-28 июл бо сабаби баландшавии ҳарорати ҳаво дар ҳавзаи дарёҳои Панҷ, Зарафшон ва Вахш баландшавии сатҳи об дар назар аст.
Дар ин бора Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки инчунин 25-27 июл дар ноҳияҳои алоҳидаи ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сар задани селҳои пиряхӣ эҳтимол дорад.
Манбаъ афзуд, ВМКБ-ро ҳавои тағйирёбанда фаро гирифта, дар ғарб асосан бебориш ва дар шарқи он борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Ҳарорат дар ғарби вилоят шабона 15+20 ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм ва дар шарқи вилоят ҳаво 4+9 дараҷа ва рӯзона 17+22 дараҷа гарм пешгӯӣ мегардад.
Дар водиҳои вилояти Суғд ҳарорат шабона 20+25 дараҷа, рӯзона 37+42 дараҷа гарм ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 10+15 дараҷа ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм дар назар аст.
Хатлонро ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар пеш буда, ҳарорат дар водиҳо шабона 22+27 ва рӯзона 39+44 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 20+25 ва рӯзона 32+37 дараҷа гарм мегардад.
Ҳарорат дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар водиҳо шабона 21+26, рӯзона 36+41 ва дар қисматҳои кӯҳӣ шабона 15+20 дараҷа ва рӯзона то 32+37 дараҷа гармӣ мерасад.
Душанбе чангу ғубори суст фаро гирифта, ҳарорат шабона 23+25 дараҷа ва рӯзона 39+41 дараҷа гарм мешавад.