ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Бо сафари расмӣ, сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов вориди Тоҷикистон шуд.
Ба иттилои расмӣ, дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони баландпояро, сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.
Дар назар аст, ки дар ҷараёни сафари расмии Орипов ба Душанбе ӯро раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур пазирад.
Маврид ба зикр аст, ки солҳои охир муносибот миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон рӯй ба рушд ниҳода, гардиши коло миёни ду кишвар афзоиш ёфтааст.
Ахиран як ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарии Коҳир Расулзода дар Ӯзбекистон қарор доштанд.
Сарвазири тоҷик дар ҷаласаи 10-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ ба Ӯзбекистон иштирок намуда, ҳамчунин бо президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дидору гуфтугӯ кард.
Зимни мулоқотҳо ҳамкориҳо дар соҳаҳои савдо, мошинсозӣ, энергетика, маъдан, кишоварзӣ, саноати бофандагӣ, нақлиёт, сайёҳӣ ва тандурустӣ ояндадор арзёбӣ гардиданд.
Ҳамчунин дар ҷаласаи 10-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон нақшаи муштараки чорабиниҳо оид ба ташкили минтақаи озоди саноатию тиҷоратии ду кишвар дар нуқтаҳои сарҳадгузари "Фотеҳобод"-"Ойбек" ва Нақшаи ҳамкорӣ байни вазоратҳои иқтисод тасдиқ гардид.