Футболбозони тими эронӣ барои иштирок дар CAFA Futsal Cup-2023 вориди Душанбе шуданд

Мунтахаби Эрон баромади худро дар мусобиқаи байналмилалии CAFA Futsal Cup-2023 бо бозӣ муқобили тими миллии Туркманистон оғоз мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Тими миллии футзали Умеди Эрон озими пойтахти Тоҷикистон, маҳалли баргузории мусобиқоти CAFA Futsal Cup-2023 шуд, иттилоъ длодааст хабаргузории “Парс Тодей”.
Рақобатҳои футзали CAFA Futsal Cup -и қарор аст ба муддати ҳашт рӯз аз 23 июл то 30 июл бо ҳузури тимҳои Тоҷикистон, Эрон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Афғонистон ба мизбонии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор шавад.
Аз ин рӯ, тими миллии Умеди футзали Эрон ба Тоҷикистон сафар кард.
Ёдовар мешавем, ки мунтахаби Тоҷикистон баромади худро дар мусобиқаи байналмилалии CAFA Futsal Cup-2023 бо бозӣ муқобили тими миллии Ӯзбекистон оғоз мекунад.
Нахустин бозии тими миллии футзали Тоҷикистон дар CAFA Futsal Cup-2023 рӯзи 23 июл дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии Душанбе соати 18:00 оғоз мешавад.
Тими миллии футзал нахустин бозиро бо дастаи Ӯзбекистон мегузаронад
Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон бо нашри як иттилоия хабар дода, афзуд, ки нархи чипта барои тамошои ин бозӣ дар толор 20 сомонӣ аст.
Зикр шудаст, ки нахустин мусобиқаи футзал миёни тимҳои миллӣ таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ оғоз мешавад, ки дар он дастаҳои шаш кишвари минтақа – Тоҷикистон, Эрон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Афғонистон иштирок мекунанд.
Дар доираи мусобиқаи "CAFA Futsal Cup-2023" дар маҷмуъ 15 бозӣ баргузор мешавад. Мусобиқа аз рӯйи системаи даврӣ дар як марҳила доир мешавад. Дастаи ғолиб аз рӯи шумораи бештари холҳо муайян мегардад.
Мунтахаби Тоҷикистон бо мунтахабҳои миллии Туркманистон рӯзи 24 июл, бо Қирғизистон рӯзи 26 июл, бо Афғонистон рӯзи 28 июл ва Эрон 30 июл рақобат мекунад. Баргузории ҳамаи бозиҳо дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ дар Душанбе дар назар аст.