Чаро Зеленский сафирашро дар Бритониё барканор кард

Раисҷумҳури Украина сафирашро дар Лондон, ки қаблан ӯро бораи суханонаш нисбати вазири дифоои Бритониё танқид карда буд, аз вазифааш барканор кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Президенти Украина Владимир Зеленский, сафири кишвараш дар Британиё Вадим Пристайкоро барканор кард.
Бояд гуфт, ки қаблан сафир раисҷумҳури Украинаро вобаста ба суханонаш дар бораи омодагии худ "ҳар субҳ ба вазири Бритониё Бен Уоллесро барои кӯмаки низомӣ ташаккур гӯяд" интиқод карда буд, фармон дар торнамои дастгоҳи президент нашр шудааст.
"Фармони президенти Украина дар бораи аз вазифа озод кардани В.Пристайко", — гуфта мешавад дар матни санад.
Дипломат ҳамчунин аз мақоми намояндаи доимии Украина дар Созмони байналмилалии баҳрӣ (IMO) маҳрум шуд.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Трамп: идеяи пайвастани Украина ба НАТО девонагист
Тибқи иттилои манбаҳои озод, оқои Пристайко аз моҳи марти соли 2020 муовини нахуствазир дар умури ҳамгироии Аврупо ва Авроатлантик буд.
Моҳи июл Бен Уоллес гуфта буд, ки Украина бояд аз кумакҳои Ғарб бештар сипосгузор бошад. Дар посух Владимир Зеленский навори ҳаштдақиқаӣ сабт кард, ки дар он 47 бор "ташаккур" гуфтааст ва гуфтааст, ки ҳар саҳар метавонад ба вазири Бритониё изҳори ташаккур кунад.
Пристайко ин видеоро танқид кард ва ба "тамасхури носолим"-и раисиҷумҳури Украина ишора кард.