Афзоиши тавлиди маҳсулот аз ҷониби корхонаҳои саноатии Тоҷикистон

Саноати кишвар омили муҳими ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ буда, ҳиссаи он дар Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ҳамасола батадриҷ зиёд мегардад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Дар панҷ моҳи соли равон дар Тоҷикистон корхонаҳои саноатӣ ҳамроҳ бо соҳибкорони хусусӣ ба маблағи беш аз 16,6 млрд сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, иттилоъ додааст Агентии омори Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ ин нишондиҳанда дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 1 миллиарду 155,1 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Инчунин манбаъ хабар додааст, ки дар панҷ моҳи соли 2023 омили асосии рушди суръати соҳаи саноат асосан аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми саноати истихроҷ – 2,8%, саноати коркард – 12,8%, таъминоти неруи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво – 13,1% ба амал омадааст.
Ҳамзамон ба иттилои Агентии омор дар панҷ моҳи соли равон суръати рушди соҳаи саноат дар вилояти Суғд нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,8%, Хатлон 12,4% ва шаҳри Душанбе 21,6% баланд гардида, дар навоҳии тобеи ҷумҳурӣ (НТҶ)ба 92,6%ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) ба 89,6% баробар гардид.
Фарҳанг, саноат, сармоягузорӣ: Мулоқоти Расулзода ва Бердимуҳаммадов
Қайд карда шудааст, ки дар давраи ҳисоботӣ 3174 коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои истихроҷ — 301 адад, коркард — 2706 адад, таъминоти неруи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво — 71 адад ва таъминоти об ва коркарди партовҳо — 96 адад фаъолият намудаанд.
Аз ин шумора 986 адад (31,1% аз шумораи умумии корхонаҳо) ба вилояти Суғд, 781 адад (24,6%) – ба вилояти Хатлон, 710 адад (22,4%) – ба шаҳри Душанбе, 607 адад (19,1%) – ба навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ва 90 адад (2,8%) – ба ВМКБ рост меояд.