Раҳмон шоҳзода Муҳаммад ибни Салмонро ба Тоҷикистон даъват кард

Дар ин мулоқот ҷалби сармояи саудӣ барои рушди бахшҳои иқтисоди миллии Тоҷикистон, ки дорои захираву имкониятҳои фарох аст, зарур шумурда шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон бо Валиаҳд ва Раиси Шурои вазирони Подшоҳии Арабистони Саудӣ шоҳзода Муҳаммад ибни Салмон Оли Сауд мулоқот карданд.
Ин дидор дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ дар ҳошияи нахустин нишасти Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои арабии Халиҷ сурат гирифта дар он маҷмӯи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистону Саудӣ баррасӣ гардид, хабар медиҳад котиботи президент.
Раисҷумҳури Тоҷикистон ва раҳбари Судӣ нишасти аввалини “Осиёи Марказӣ-Халиҷ”-ро рӯйдоди муҳим дар таърихи муосири робитаҳои машваратҳои ду минтақа арзёбӣ карда, изҳори итминон намуданд, ки натиҷаҳои он ба тақвияти риштаҳои дӯстӣ ва пешбурди ҳамкориҳои судманди ҷонибҳо мусоидати муассир хоҳанд кард.
Дари хонаи Худоро кушоданд: намози Раҳмон дар дохили Каъба - аксҳо
Ҷонибҳо дар рафти вохӯрӣ ба рушду густариши робитаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ дар чаҳорчӯби Кумитаи муштараки дӯстии парлумонӣ, Комиссияи муштараки байниҳукуматии ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию техникӣ, Форуми сармоягузории ду кишвар ва Фонди рушди саудӣ, таваҷҷуҳ зоҳир кардаанд.
“Тавсеаи ҳамкориҳо дар бахшҳои энергетика, нақлиёт, ҳамчунин коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, саноати сабук, хӯрокворӣ, дорусозӣ ва истихроҷи маъдан, аз самтҳои барои ҳарду ҷониб судовар арзёбӣ гардид”,- афзудааст манбаъ.
Ҳамзамон ҷалби сармояи саудӣ барои рушди бахшҳои иқтисоди миллии Тоҷикистон, ки дорои захираву имкониятҳои фарох аст, зарур шумурда шуд.
Раҳмон ва шоҳзода Муҳаммад зимни суҳбат ҳамчунин масъалаи рушду таҳкими ҳамкориҳоро дар соҳаҳои илму маориф, сайёҳӣ, тандурустӣ ва варзишу ҷавонон баррасӣ карданд.
Густариши ҳамкории кишварҳо дар арсаи амниятӣ, аз ҷумла ҷиҳати муқовимат ба хатару таҳдидоти муосир аз мавзуъҳои дигари мулоқот буд, ки ҷонибҳо атрофи онҳо табодули афкор намуданд.
Дар поёни мулоқот президенти Тоҷикистон аз Валиаҳд ва Раиси Шурои вазирони Подшоҳии Арабистони Саудӣ шоҳзода Муҳаммад ибни Салмон Оли Сауд даъват кардааст, ки дар вақти барояшон мусоид бо сафари ҷавобии расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оранд.