Раҳмон гуфт чӣ гуна метавон сайёҳони кишварҳои минтақаи Халиҷро ба Тоҷикистон ҷалб кард

Раисҷумҳури кишвар таъкид кард, ки Тоҷикистон рушди бахши сайёҳиро муҳим медонад ва омодааст бо кишварҳои минтақаи Халиҷ дар ин самт ҳамкорӣ намояд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Тоҷикистон бо дарназардошти зарфиятҳои фаровони худ, омодааст, ки барои густариши ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ иқдомҳои муштараки муассирро роҳандозӣ намояд.
Дар ин бора раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониаш дар ҳамоиши якуми сарони давлатҳои арабии Халиҷ ва Осиёи Марказӣ баён дошт.
Ба гуфтаи раҳбари Тоҷикистон ҷорӣ намудани низоми яктарафаи бераводид аз ҷониби Тоҷикистон дар соли 2022 барои шаҳрвандони кишварҳои минтақаи Халиҷ ба пешбурди босамари ин раванд мусоидат хоҳад кард.
Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистон аз 1 январи соли 2022 барои ҷалби бештари сайёҳон ва сармоягузорони хориҷӣ барои шаҳрвандони 52 кишвари хориҷӣ иқдоми яктарафаи воридшавии бидуни раводид ҷорӣ намуд.
Умеди Раҳмон аз сармоягузории кишварҳои арабӣ ба бахши энереэжии Тоҷикистон
Инчунин бо ин мақсад барои шаҳрвандони 126 давлати хориҷӣ пешниҳоди раводиди Тоҷикистон бо тартиби содакардашуда ҷорӣ гардидааст.
Тибқи иттилои Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон дар соли гузашта аз ҷумҳурӣ наздик ба 1 миллион гардишгари хориҷӣ дидан кардааст.
Дар қаламрави Тоҷикистон 242 ширкати сайёҳӣ фаъолият дорад, иттилоъ додаанд масъулини Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, аз ин шумора дар ВМКБ 50 ширкат, вилояти Суғд 43 ширкат, вилояти Хатлон 19 ширкат, шаҳри Душанбе 112 ширкат ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 18 ширкат рост меояд.
Тибқи иттилои масъулини Кумита дар соли 2022 ҳиссаи соҳаи сайёҳӣ дар ММД 2,8 дарсадро ташкил менамояд.