ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониаш дар ҳамоиши якуми сарони давлатҳои арабии Халиҷ ва Осиёи Марказӣ гуфт, Тоҷикистон барои ҷалби сармояи кишварҳои ҳавзаи Халиҷ ба иқтисоди Тоҷикистон алоқаманд аст.
Кишвардори Тоҷикистон истифода кардани иқтидори ниҳодҳои молиявии кишварҳои арабии Халиҷ, аз ҷумла фондҳои рушди Арабистони Саудӣ, Кувайт, Амороти Муттаҳидаи Арабӣ, Қатар, инчунин, Маркази имдоди Подшоҳ Салмон, Созмони Шайх Зойид ва Гурӯҳи Бонки исломии рушдро муҳим донист.
Ҳамзамон президенти кишвар дар ин ҷаласа дар бораи таъсиси Фонди махсус барои сармоягузорӣ ва дастгирии рушд дар сиғаи “Осиёи Марказӣ-Халиҷ” пешниҳод кард.
“Бо дарназардошти таҳаввулоти глобалии имрӯза, ҳамчунин зарурати таъсиси Фонди махсуси сармоягузорӣ ва рушдро дар доираи Созмони ҳамкории исломӣ барои дастгирии молиявии кишварҳои рӯ ба тараққии ҷаҳони ислом бори дигар таъкид менамоям”,- гуфт Эмомалӣ Раҳмон.
Раисҷумҳури Тоҷикистон зикр кард, ки самтҳои афзалиятноки кишвар дар татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ соҳаҳои энергетика, саноат, бахусус саноати сабук, хӯрокворӣ, истихроҷи маъдан, кишоварзӣ, бонкдорӣ, сайёҳӣ, иттилоотиву коммуникатсионӣ, рақамикунонии иқтисодиёт ва имкониятҳои транзитиву нақлиётии ҷонибҳоро фаро мегиранд.
“Мо умед дорем, ки кишварҳои арабии Халиҷ ва ниҳодҳои молиявии онҳо тавассути сармоягузорӣ дар татбиқи тарҳҳои гидроэнергетикӣ саҳм хоҳанд гузошт”, таъкид кард раисҷумҳури кишвар.
Инчунин раҳбари кишвар ҷалби сармояи кишварҳои арабии Халиҷро ба сохтмони шоҳроҳҳои автомобилгард ва роҳҳои оҳани муосир ҷиҳати баромадан ба бандарҳои баҳрӣ муҳим донист.