ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Дар Бағдоди Ироқ садҳо сокини маҳаллӣ ба сафорати Шветсия ҳамла карда, онро оташ заданд.
Ин тазоҳурот ба дунболи сӯзондани Қуръон дар Шветсия, ки бори дигар аз сӯи пулис тасвиб шуд ва мебоист дар назди сафорати Ироқ баргузор шавад, ташкил шудааст.
Ба гузориши хабаргузории Ройтерз, ҳеҷ яке аз кормандони намояндагии дипломатӣ дар Бағдод осеб надидааст.
Баъдан ин иттилоъро вазорати умури хориҷаи Шветсия таъйид карда, ҳамчунин ин ҳодисаро нақзи ҷиддии Конвенсияи Вена номид, ки дахлнопазирии намояндагии дипломатӣ ва масъулияти давлати мизбон барои ҳама гуна хисороти расидаро дар назар дорад.
Бино ба гузоришҳо, пулиси маҳаллӣ маҷбур шуд, ки барои пароканда кардани тазоҳуркунандагон аз мошинҳои обпош ва дигар дастгоҳҳо истифода кунад.
Қаблан сӯзонидани китоби муқаддаси мусалмонон дар ин кишвар ба маҳкумияти бепоён рӯ ба рӯ шуд.
Ҳатто муфтии Чеченистон Салоҳ Межиев дар саҳифааш дар Telegram баён дошт, ки Ғарб ҷанги зидди исломро қонунӣ кардааст ва амали сӯзондани Қуръон, ки пулиси Стокҳолм иҷозат додааст, боз як далели ин аст.
"Бандагони Иблиси лаъин сиёсати нопоконаи худро алайҳи тамоми ҷаҳони ислом идома медиҳанд. Дар рӯзи муқаддас барои тамоми мусалмонон бори дигар Қуръонро тамасхур мекунанд", - шарҳ дод ӯ.
Муфтӣ афзуд, тамоми сиёсати давлатии Ғарб аз бехудоӣ пур буда, ба паҳн кардани парастиши ифротгароӣ ва бадӣ нигаронида шудааст.