Тағйироти кадрӣ дар Маркази исломшиносӣ: Раҳмон барканору таъйин кард

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар чанд сохтори давлатӣ аз ҷумла Муассисаи давлатии "Маркази исломшиносӣ, тағйироти кадрӣ анҷом дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 июл – Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон тағйироти кадрӣ анҷом дод
Дар ин бора давтари матбуотии президенти кишвар гузориш медиҳад.
Ҳамин тариқ тибқи амри раисҷумҳур Наҷотзода Мутеъулло Абдулқосим бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини директори Муассисаи давлатии "Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Тоҷикистон" озод шуд.
Дар ҳамин ҳол раисҷумҳури кишвар ба курсии муовини муовини директори Муассисаи давлатии "Маркази исломшиносӣ" Ваҳобзода Абдураҳмон таъйин кард.
Инчунин бо Амри дигари раисҷумҳури кишвар Абдухалилзода Кароматулло Абдухалил низ ба муовини директори Муассисаи давлатии "Маркази исломшиносӣ" таъйин шуд.
Тағйироти кадрӣ дар низоми додгоҳии Тоҷикистон: Раҳмон 10 судяро таъйину барканор кард
Ёдовар мешавем, ки 26 июни соли раволн кишвардори Тоҷикистон бо як амраш Азизӣ Рустам Анварзода бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини директори Муассисаи давлатии "Маркази исломшиносӣ дар назди президенти Тоҷикистон" озод карда буд.
Ҳамин тавр курсии муовинӣ дар ин ниҳоди давлатӣ, ки тақрибан як моҳ холӣ боқӣ монда буд соҳиб пайдо кард.
Раисҷумҳури кишвар субҳи имрӯз бо кадрҳои нави таъйиншуда дидор кард ва ба онҳо дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ муваффақият орзу намуда, хизмат ба халқу Ватан ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои ҳар як шаҳрвандро аз вазифаҳои аввалиндараҷаи онҳо арзёбӣ кард.