Украинаро аз қатъи созишномаи ғалла огоҳ карданд

Дар пасманзари ҳамлаи террористии Украина ба пули Қрим, Киев як нотаи эътирози расмӣ алайҳи тамдиди созишномаи интиқоли ғалларо гирифт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Татбиқи ташаббуси интиқоли ғалла дар баҳри Сиёҳ бояд аз 18 июл комилан қатъ карда шавад, Русия расман алайҳи тамдиди он баромад кард.
Нотаи дахлдори дипломатӣ ба ҷониби Украина аз ҷониби намояндагии дипломатии Русия дар Минск супурда шуд.
"Сафорати Русия дар Беларус субҳи 17 июл тавассути роҳҳои дипломатӣ ба ҷониби Украина нотаеро супурд, ки дар он мавқеъи ФР дар бораи ояндаи созишномаи ғалла дарҷ шудааст", - гуфт сафири Русия дар Беларус Борис Гризлов.
Вай таъкид кард, ки "бо талошҳои Ғарб ин созиш ба як тарҳи сирф тиҷоратӣ мубаддал шуд ва вазифаи аслии башардӯстонаи худ - ҷилавгирӣ аз гуруснагӣ дар давлатҳои дучори камбуди ғизоро аз даст дод".
Думаи давлатии Русия: формати созишномаи ғалла кӯҳна шудааст
Ба гуфти сафир, танҳо 3% ғалла тибқи ин созишнома ба кишварҳои фақиртарин, ки аз бӯҳрони ғизо бештар осеб дидаанд, интиқол меёфту аксари маводи ғизоӣ дар Аврупо мемонд, ки аслан қобили қабул нест.
Ёдовар мешавем, ки тавофуқи ғалла, ки 22 июли соли 2022 аз ҷониби намояндагони Русия, Туркия, Украина ва СММ ба имзо расида буд, содироти ғалла, ғизо ва нуриҳои Украинаро тавассути Баҳри Сиёҳ аз се бандар, аз ҷумла Одесса дар назар дорад.
Бастаи созишномаҳо азсаргирии содироти маводи ғизоӣ ва нуриҳои минералии Русияро пешбинӣ мекунад, ки ба гуфтаи Маскав сарфи назар аз талаботи СММ иҷро нашуданд.