ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Дар назди Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) як созмони байналмилалии дастгирӣ ва тарғиби забони русӣ таъсис мешавад.
Дар қароргоҳи ИДМ ҷаласаи гурӯҳи коршиносон оид ба таҳияи лоиҳаҳои санадҳои таъсис ва танзими фаъолияти ин созмон баргузор шуд, хабар медиҳад Кумитаи иҷроияи ИДМ.
Дар ҷаласа намояндагони Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Кумитаи иҷроияи ИДМ ширкат доштанд.
"Коршиносон пешниҳодҳои асноди аз як қатор давлатҳо расидаро баррасӣ намуда, бо назардошти муҳокимаи суратгирифта лоиҳаи Шартнома дар бораи таъсиси Созмони байналмилалии забони русӣ ва Оинномаи онро ба таври умум тавофуқ карданд", - омадааст дар хабар.
Ёдовар мешавем, ки ташаббуси таъсиси Созмони байналмилалии забони русӣ дар назди ИДМ ба раисиҷумҳури Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев тааллуқ дорад.
Дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳо дар моҳи октябри соли гузашта дар Остона аз он раҳбарони кишварҳои ИДМ пуштибонӣ карданд. Дар баробари ин Консепсияи ташкилот тасдиқ карда шуд.
Тибқи Консепсия ба Кумитаи иҷроияи ИДМ супориш дода шуд, ки якҷоя бо ҳукуматҳои кишварҳои узви Иттиҳод таҳияи лоиҳаҳои ҳуҷҷатҳои таъсис ва танзими фаъолияти ташкилоти байналмилалии таъсисшавандаро ташкил намояд.