ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Сухангӯи раисҷумҳури Русия Дмитрий Песков гуфт, ки Украина аз талош барои ҳамла ба аҳдофи Русия даст намекашад, аммо системаҳои дифоъ ҳавоии Русия ба таври муассир кор мекунанд.
Бино бар ин ӯ дар мавриди суқути як паҳпод аз навъи ҳавопаймо дар Курчатов, воқеъ дар чанд километрии неругоҳи ҳастаии Курск, изҳори назар кард .
"Маълум аст, ки душман (Украин) талош барои ҳамларо тарк намекунад. Аммо ҳамаи системаҳои дифоъ ҳавоии мо кор мекунанд ва коромад ҳастанд. Пай дар пайи онҳо асарбахшии худро нишон медиҳанду иқдомоти муносиб анҷом мешавад", - иттилоъ додааст РИА “Новости” дар истинод ба ӯ.
Волии минтақаи Курск Роман Старавойт қаблан аз суқӯти як паҳпод дар минтақаи Курчатов хабар дода буд, ки нерӯгоҳи ҳастаии Курск дар қаламрави он қарор дорад.
Ба гуфта вай, ин ҳодиса талафот ҷонӣ надошта ва ба таъсисоти буҳронӣ осебе ворид нашудааст.
"Як паҳпод дар шаб дар шаҳри Курчатов суқӯт кард. Хушбахтона ба ҳеҷ як аз сокинони маҳалӣ осеб нарасидааст. Дар натиҷаи суқути паҳпод мунфаҷир шудани баъдии он ба таъсисоти ҳаётии осеб ворид нашуд. Муттаассифона намо ва шишаҳои хонаҳои чанд манзалаи осеб дидааст.
Ёдовар мешавем, ки қаблан вазири дифои Русия, Сергей Шойгу изҳор дошт, ки ҷониби Украина аз оғози июн ба ҳамла гузаштааст, аммо дар ҳеҷ як самт ба ҳадафҳо нарасидааст, дар ҳоле ки раҳбарияти Украина бо исрори Ғарб, новобаста аз талафот идомаи ҳамларо талаб мекунад.
Маврид ба зикр аст, ки дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия 24 феврали соли 2022 барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад.