ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Тибқи маълумоти оморӣ давоми шаш моҳи соли равон ба вилояти Хатлон 396 сайёҳ ворид гардидааст, ки наздик ба 28 ҳазораш сайёҳони хориҷӣ мебошанд.
Дар ин бора мудири шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Дилшод Шоҳзода ба АМИТ “Ховар” хабар додааст.
Ба гуфтаи вай дар ҳоли ҳозир шумораи сайёҳони дохилӣ ба бештар аз 368 ҳазор нафар расидааст.
Мақомдори тоқик афзуд, ки айни ҳол дар қаламравӣ вилоят 931 ёдгории таърихиву фарҳангӣ мавҷуд аст, ки аз онҳо 721 ёдгории бостонӣ, 124 ёдгории меъморӣ ва 86 ёдгории монументалӣ мебошад.
Бояд гуфт, ки ёдгориҳои таърихиву фарҳангии вилоят, аз қабили қалъаи "Ҳулбук"-и ноҳияи Восеъ, дайри буддоии "Аҷинатеппа"-и ноҳияи Вахш, мадрасаи "Хоҷа Машҳад"-и ноҳияи Шаҳритус ва шаҳраки "Тахти Сангин"-и ноҳияи Қубодиён ба мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО дохил гардидааст, ки мунтазам сайёҳон аз ин мавзеъҳо дидан менамоянд.
Ҳамзамон дар ҳоли ҳозир дар ҳудуди вилоят 118 меҳмонхона, 139 мавзеи сайёҳӣ, 251 истироҳатгоҳу осоишгоҳ, 139 тарабхона, 45 осорхона, 19 ширкати сайёҳӣ, 128 чойхона, 368 банкомати хизматрасониҳои бонкӣ, 50 меҳмонсарой (ҳомстей) ва гестхаус, 238 ташноби сарироҳӣ, 67 мағозаи фурӯши армуғонҳо ва 45 боғи фарҳангӣ-фароғатӣ ва гулгаштҳо мавҷуд мебошанд, ки ҳамарӯза ба сайёҳон хизмат мерасонанд.