Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Вазири дифои Бритониё мақомоти Украинаро ба ҷояш шинонд

Вазири дифои Бритониё ба мақомдорони Украина тавсия дод, ки ба хотири кӯмакҳои низомӣ, ки ба Киев расонида шуд, аз кишварҳои Ғарб бештар сипосгузор бошанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Вазири дифои Бритониё Бен Уоллес пешниҳод кард, ки режими Киев аз кишварҳои Ғарб барои кумакҳои низомии ироашуда бештар миннатдор бошад, менависад рӯзномаи “The ​​Guardian”.
"Як огоҳии кучак аст, новобаста аз он, ки мо мехоҳем ё не: агар шумо кишварҳои дигарро бовар намудед, ки маводҳои худро ба шумо диҳанд, пас онҳо мехоҳанд сипосгузориро бубинанд", - гуфт навиштааст ин нашрия дар истинод ба суханони сиёсатмадор.
Вазири дифои Бритониё иқрор шуд, ки дар миёни чеҳраҳои бонуфуз дар Вошингтон аз мизони ҳимоят аз Киев норозигӣ вуҷуд дорад.
Бен Уоллес ҳамчунин афзуд, ки соли гузашта дар ҷараёни сафараш ба Украина мақомдорони Киев ба ӯ феҳристи аслиҳаи зарурӣ барои нерӯҳои мусаллаҳи Украинаро тақдим карда буданд.
Украина манбаи фарзандхонӣ барои ИМА шудааст
"Шумо медонед, ки мо “Амазон” нестем, ман дар ин бора соли гузашта ба онҳо гуфтам, вақте ки ман 11 соат да роҳ будам, ки то ба ман рӯйхат дода шавад", - гуфт вазири дифоъ.
Қабл аз оғози нишасти НАТО дар Вилнюс Зеленский дар шабакаҳои иҷтимоии худ навишт, ки "ин бесобиқа ва бемаънӣ аст, вақте ки барои пайвастани Украина ба НАТО вақт вуҷуд надорад. Ба гуфтаи ӯ, ин омода набудани НАТО ба даъвати Киев аст.
Нашрияи “Politco” навиштааст, ки дипломатҳои ғарбӣ аз суханони ӯ тааҷҷуб ва хашмгин шуданд, ҳарчанд дар байни онҳо нафароне буданд, ки эҳсосоти Зеленскийро "дарк карданд".