ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир дар гуфтугӯ бо муовини сарвазир, вазири саноат ва савдои Русия Денис Мантуров масоили хамкорӣ дар соҳаи саноат ва технологияҳои инноватсиониро баррасӣ надуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати саноат ва технологияҳоли нави Тоҷикистон хабар додааст.
Бино бар иттилои манбаъ, вазири тоҷик пешниҳод кард, ки дар ҷумҳурӣ минтақаҳои муштараки саноатӣ ташкил намоянд.
Шералӣ Кабир дар ин мулоқот қайд кард, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон дар давоми панҷ соли оянда бояд ду баробар афзоиш ёбад.
Вай гуфт ҳукумати Тоҷикистон барои расидан ба ин ҳадаф тадбирҳои ҷалби сармоя ва шарикони боэътимод ба бахши саноатро муайян кардааст.
“Аз ҷониби Русия даъват карда шуд, ки дар татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок дар саноати кӯҳӣ, нассоҷӣ ва хӯрокворӣ, инчунин ташкили минтақаҳои муштараки саноатӣ иштирок намояд”, - таъкид кардааст манбаъ.
Шералӣ Кабир таъкид кард, ки сармоягузорӣ ва ҷалби мутахассисони Русия дар бунёди паркҳои технологии Тоҷикистон дар оянда барои тавсеаи ҳамкориҳои ду кишвар нақши бузург хоҳад дошт.