ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Русия ба формати қаблии равобит бо кишварҳое, ки ғайридӯст будани худро исбот кардаанд, баргаштанӣ нест.
Дар ин бора вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров изҳор дошт.
"Агар онҳо ногаҳон тасмим гиранд, ки аз ҳадафи зиддирусия даст кашанд, пас мо мебинем, ки маҳз дар бораи чӣ баҳс мешавад ва мо бар асоси манофеи худ тасмим хоҳем гирифт",- таъкид кард вай.
Тавре Лавров дар мусоҳиба бо Lenta.ru ёдовар шуд, ҷанги гибридӣ алайҳи Русия аз ҷониби кишварҳои ғарбӣ ҳанӯз дар соли 2014 оғоз шуда буд ва ҳоло он якбора шиддат гирифтааст.
"Қадамҳои таҷовузкоронаи давлатҳои ғайридӯст барои Русия хатари мавҷуда эҷод мекунанд. Ба ин ҳеҷ шакке нест. Мо бояд аз ҳуқуқи худ ба рушди озоду соҳибихтиёр бо тамоми воситаҳо дифоъ кунем", - таъкид кард вазир.
Вай қайд кард, ки кишварҳои Шарқи Ҷаҳонӣ ва Ҷануб на танҳо ба таҳримҳои зидди Федератсияи Русия ҳамроҳ нашуданд, балки, баръакс, ҳамкориҳои амалиро бо Русия ба манфиати рушди муштарак инкишоф медиҳанд.