Имзои санади ҳамкорӣ миёни вазорати саноати Тоҷикистон ва Сведловски Русия

Барои боло бурдани сатҳи рушду густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд Тоҷикистону Русия Нақшаи амалро оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи саноатро ба имзо расонданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир аз саҳнаи толори калони ҷаласаии Маркази байналмилалии намоишгоҳӣ "Екатеринбург--ЭКСПО" дар бораи раванди саноатикунонии Тоҷикистон ва имконоти он дар арсаи густариши ҳамкориҳои созандаи байналмилалӣ дар соҳаи тиҷорату иқтисод суханронии кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст.
Ба иттилои манбаъх дар ҳошияи намоишгоҳ, Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон​ Шералӣ Кабир бо Губернатори вилояти Свердловски Русия Евгений Куйвашев дидору мулоқот кард.
Тибқи иттилои манбаъ, бо тамаркуз ба зарурати боло бурдани сатҳи рушду густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар саҳнаи Стенди намоишгоҳии вилояти Свердловск Нақшаи амалро оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи саноат барои солҳои 2023--2026 ба имзо расониданд.
Фарҳанг, саноат, сармоягузорӣ: Мулоқоти Расулзода ва Бердимуҳаммадов
Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки дар гӯшаи миллии кишвар роҳбарону масъулини ширкатҳои ватанӣ бо ташрифовардагон барои пайдо кардани шарики тиҷоратӣ, омӯзиши имконоти роҳандозии ҳамкорӣ, густариши муносибатҳои тиҷоратӣ ва муаррифии иқтидору зарфияти мавҷуда вохӯриҳои дуҷониба анҷом доданд.​
Ёдовар мешавем, ки дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Россия 13-умин Намоишгоҳи байналмилалии саноатии "ИННОПРОМ-2023" мегузарад.
Дар ин чорабинӣ Тоҷикистонро Вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир, роҳбарияти сохторҳои давлатӣ ва корхонаҳои саноатии кишвар, ҳайати расмии вилояти Суғд бо роҳбарии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода намояндагӣ намуданд.
Айни замон дар намоишгоҳ Тоҷикистон, Русия, Ҷумҳурии Беларус, Ӯзбекистон,​ Қазоқистон, Қирғизистон, Арманистон, Чин ва беш аз 600 ширкати саноатии кишварҳои иштирокдор маҳсулоти худро ба намоиш гузоштаанд.​ ​ ​
Намоишгоҳ то 13 июли соли 2023 идома хохад ёфт.