ДУШАНБЕ, 12 июл – Sputnik. Дар Хуҷанд ҳунарнамоии ансамбли “Налмес”-и Русия баргузор шуд.
Санъаткорони Қавқоз дар зери чапакзании пурмавҷи тамошобинон баромад карданд.
Сокинони Суғд ба иҷрои рақсу оҳангҳои нодири қафқозӣ баҳои баланд доданду атрофи Театри ба номи Камоли Хуҷандӣ дар маркази вилояти Суғд пур аз издиҳоми сокинон буд.
Онҳо барои тамошои барномаи консертии ансанбли давлатии “Налмес” и Адигей ба ин макон омода буданд.
Аз иҷрои бо маҳорати рақсу оҳангҳои қадимии қафқозӣ хотири тамошобинон болида гардид ва инро кафкӯбиҳои давомдори тамошобинон собит намуд.
Маврид ба зикр аст, ки рӯзи гузашта дар Театри давлатии академии опера ва балет ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Душанбе консерти пианинонавози маъруфи рус Денис Матсуев манзури мухлисон гардид.
Чунин чорабиниҳо дар доираи рӯзҳои фарҳанги Русия дар Тоҷикистон бо дастгирии вазоратҳои фарҳанги Русия ва Тоҷикистон, баргузор карда мешаванд.
Рӯзҳои фарҳанги Русия дар Тоҷикистон то 13 июл бо иштироки даҳҳо масъули фарҳангу ҳунар дар минтақаҳои кишвар баргузор мегардад.