ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Фаъолияти Шветсия дар Афғонистон ба далели сӯзондани Қуръон то замоне мутаваққиф мешавад, ки ин кишвар аз мусалмонон бахшиш пурсад.
Дар ин бора комиссияи фарҳангии толибҳо бо нашри як баёнияе иттилоъ дода, кишварҳои дигарро низ ба пайравӣ аз худ даъват кардааст.
"Баъд аз таҳқири Қуръони Карим ва эътиқоди мусалмонон дар Шветсия Имороти Исломӣ фаъолияти Шветсия дар Афғонистонро то замоне мутаваққиф мекунад, ки онҳо аз мусалмонон барои ин амали зишт узр хоҳанд", - омадааст дар иттилоия.
Таҳқир ва сӯзонидани Қуръон дар Стокҳолм дар ҷараёни таҷлили Иди Қурбон дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон вокунишҳои густардаеро ба бор овард.
Ироқ аз мақомоти Шветсия талаб кард, ки муҳоҷири дастдошта дар ин корро барои мурофиа истирдод кунанд, дар ҳоле ки даҳҳо ироқӣ барои эътироз дар назди сафорати ин кишвар дар Бағдод ҷамъ омаданд.
Ҳодисаро ҳамчунин Алҷазоир, Афғонистон, Миср, Индонезия, Лубнон, Сурия, Туркия, Ӯзбекистон, дабири кулли Лигаи кишварҳои араб Аҳмад Абулғайт ва дабири кулли Шӯрои ҳамкориҳои кишварҳои арабии Халиҷи Форс маҳкум карданд.
Вазоратҳои корҳои хориҷии Урдун ва Имороти Муттаҳидаи Араб сафирони Шветсияро даъват карданд, то ба онҳо нотаи эътирозӣ супоранд.
Вазорати хориҷаи Русия гуфт, беҷазо мондани ширкаткунандагони ин ҳодиса метавонад ба паёмадҳои фоҷиабори пешгӯинашаванда оварда расонад ва ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд ба чунин амалҳои ғайриқонунӣ муқовимат кунад.