ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо раисҷумҳури Ӯзбекистон, Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом дод.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, зимни суҳбат натиҷаҳои интихоботи президентӣ дар Ӯзбекистон баррас шуда, Эмомалӣ Раҳмон Шавкат Мирзиёевро бо натиҷаҳои муваффақонаи ин чорабинии муҳимми сиёсӣ ва аз нав интихоб гардиданаш ба маснади президентӣ шодбош гуфт.
"Дар идомаи суҳбат ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои муносибатҳои дӯстӣ, шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Узбекистонро баррасӣ карданд. Ҷараёни устувори рушду таъмиқи тамоми маҷмӯи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи ду давлат қайд карда шуд", - омадааст дар иттилоия.
Манбаъ афзуд, ки президентҳо алоқамандии тарафайнро ҷиҳати идомаи амалҳои муштарак дар маҷрои таҳкими минбаъдаи муносиботи ҳусни ҳамҷавории Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мутобиқ ба манфиатҳои аслии ду мардуми ба ҳам бародар таъкид карданд.
Ҳамчунин президенти Тоҷикистон ба Мирзиёев паёми шодбошӣ фиристодааст, ки дар он аз ҷумла натиҷаҳои интихоботро далели равшани нуфузи баланд, эътимод ва ҳимояи қавии мардуми Ӯзбекистон аз роҳи стратегиааш хондааст.
Раҳмон инчунин саҳми назарраси Мирзиёевро дар таъмини рушди афзояндаи муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Ӯзбекистон таъкид намудаст.
"Итминон дорам, ки мову Шумо дар оянда низ барои пешбурди самарабахши шарикии стратегӣ ва равобити ҳампаймонии ду кишвар мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардумонамон саъю талоши муштарак ба харҷ хоҳем дод", - омадааст дар паём.
Ахиран Шавкат Мирзиёев дар интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ бо гирифтани беш аз 87%-и орои мардум дигарбор роҳбари кишвар интихоб гардид.