ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Кумаки раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба селзадаҳо дар ноҳияи Ишкошим расонда шуд.
Ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати ВМКБ, раиси вилоят Алишер Мирзонабот барои расонидани кӯмаки президент ба зарардидагони ноҳияи Ишкошим сафар кард.
Манбаъ афзуд, ки Алишер Худобердӣ аз мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Ишкошим дидан карда, бо зарардидагон аз наздик суҳбат доир намуд.
Ҳукумати ВМКБ зикр намудаст, ки ахиран дар пайи гарм шудани ҳарорати ҳаво дар ноҳияҳои Роштқалъа ва Ишкошим сел фаромада, ба сокинон зарари моддӣ расонд.
Бо дастури раисҷумҳур, комиссияи давлатӣ таъсис дода шуда, ҷиҳати бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ тамоми чораҳои зарурӣ андешида шуданд.
Бо маблағгузории ҳукумати Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ дар ноҳияи Роштқалъа оғоз гардида, ба зарардидагони ноҳияи Ишкошим кӯмаки моддӣ расонида шуд, омадааст дар иттилоия.
Дар маҳаллаи Шарифободи шаҳри Хоруғ барои зарардидагони офатҳои табиӣ паноҳгоҳи муваққатӣ бунёд мегардад.
Раиси шаҳр, Ризо Назарзода хабар дода, афзуд, ки сохтмони паноҳгоҳ ҳоло 80% иҷро гардидааст ва интизор меравад то даҳа аввали моҳи сентябр он ба истифода дода шавад.