Мақсади оператор - пешниҳоди нархҳои дастрас ва хизматрасонии дастрас ба муштариён мебошад. Аз ин рӯ, "Анор" дар баробари роҳандозии тарофаҳои муфид, ки нархашон аз 50 сомонӣ зиёд нест, дар минтақаҳои мухталифи кишвар нуқтаҳои хидматрасонӣ боз мекунад.
Толори бароҳат дар маркази шаҳри Душанбе на танҳо як макони дигар, балки рамзи ниятҳои ҷиддӣ, нақшаҳои дарозмуддати рушд барои оператор гардидааст.
Нахустин меҳмонони нуқтаи навро дар х.Рӯдакӣ 87 сюрприз – рақамҳои мақомноки "қиматбаҳо" интизоранд. Рақамҳои нуқрагин ба онҳо ройгон дастрас гардида, рақамҳои дараҷаи "тилло"-ро бо нисфи нарх харидан мумкин аст.
Тарофаҳои "Анор" ба онҳое, ки фаъолона занг мезананд ва интернетро истифода мебаранд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифаҳоро тамошо мекунанд ё дар паёмрасонҳо хабарҳоро мехонанд, писанд меояд.
Силсилаи асосии тарофавии "Диёр" аз се баста бо пардохти моҳона аз 30 то 50 сомонӣ иборат аст. Муштарӣ мустақилона тарофаро вобаста ба талаботи худ интихоб мекунад.
Маҳсулоти нодири "Анор" - тарофаи "Диёр 50" аст. Он зангҳои бемаҳдуд дар дохили шабака, 600 дақиқа дар дохили ҶТ, 8000 Мб трафики интернет ва интернети бемаҳдуди шабонаро (аз соати 00:00 то 06:59) дар бар мегирад. Нархи тарофа дар як моҳ 50 сомонӣ аст.
Барои муштарии "Анор" шудан, метавонед ба дилхоҳ идораи хизматрасонӣ муроҷиат намоед. Дар маҷмӯъ, дар ҳудуди ҷумҳурӣ наздики 40 идораи фурӯш амал мекунад, ки панҷтои онҳо дар Душанбе ҷойгиранд.
Бо рақами зебои тиллоӣ ё нуқрагин муштарии "Анор" шавед!
*- шабакаҳои Facebook ва Instagram дар Русия ифротӣ ва мамнуъ эълон шудаанд