ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Украинаиҳо беҳуда мемиранд, зеро Русия ба ҳар ҳол дар низоъ пирӯз хоҳад шуд, гуфт соҳибкори амрикоӣ ва миллиардер Илон Маск дар саҳифааш дар Twitter.
Вай дар пасманзари талошҳои Киев барои ҳамлаи ҷавобӣ таъкид намудааст, ки ҷониби ҳамлагар ҳамеша талафоти бештар хоҳад дошт.
"Ҳар тарафе, ки ба ҳамла ба истеҳкомҳои устувор мегузарад, сарбозони зиёдтарро аз даст медиҳад. Гузашта аз ин, нерӯҳои Русия аз Украина тақрибан 4 бар як зиёдтар аст", - гуфт соҳибкор.
Вай таъкид намуд, ки ба ҳамин далел дар низоъ барои заифсозӣ Русия баранда мегардад.
Маск афзуд, ки дар сурати номуваффақ будани ҳамлаи Украинаа ба далели талафоти зиёди нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар, артиши Русия метавонад ҳатто қаламрави бештареро ишғол кунад.
Қаблан вазири дифои Русия, Сергей Шойгу изҳор дошт, ки ҷониби Украина аз оғози июн ба ҳамла гузаштааст, аммо дар ҳеҷ як самт ба ҳадафҳо нарасидааст, дар ҳоле ки раҳбарияти Украина бо исрори Ғарб, новобаста аз талафот идомаи ҳамларо талаб мекунад.
Маврид ба зикр аст, ки дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия 24 феврали соли 2022 барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад.