Кумитаи амнияти Белорус нақшаи Ғарбро ошкор кард

Мақомоти амнияти давлатии Белорус ҳолатҳои омодасозии нерӯҳои террористӣ аз ҷониби Ғарб барои ноором сохтани вазъият дар ин кишварро ба қайд гирифтаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Ғарб нақша дорад, ки ба Беларус ҳамла ташкил кунад, иттилоъ дод Кумитаи амнияти давлатии ин кишвар.
Ба иттилои манбаъ, таълими террористон дар заминаи воҳидҳои вижа ва воҳидҳои мусаллаҳи кишварҳои ғарбӣ сурат мегирад.
Муовини сардори раёсати тафтишоти КАД Белорус, Константин Бичек ном бурд, ки дар кадом воҳидҳо тайёрӣ ҷараён дорад.
"Инҳо "Гром" дар Лаҳистон, "Иттиҳоди тирандозон"-и Литва, Хадамоти амният ва воҳидҳои иктишофии низомии Украина мебошанд", - гуфт Бичек.
Медведев: Дурнамои НАТО барои Киев ба ҷанги сеюми ҷаҳонӣ таҳдид мекунад
Ҷангҷӯён дар майдони ҷанг дар ҷанубу шарқи Украина озмоиш мешаванд. Мақомдори амнияти давлатии Белорус афзуд, ки шахсияти афсарони иктишофиро, ки онҳоро таълим медиҳанд, медонанд ва ҳамчунин дар мавриди маблағҳое маълумот доранд, ки "бо баҳонаҳое фаъолияти террористиро маблағгузорӣ мекунанд".
Кумитаи амнияти давлатӣ чунин зуҳуроти террористиро сабт мекунад ва ба ин чолишҳо омода мебошад, гуфт дар хотима Бичек.
Ин дар ҳолест, ки ахиран Белорус дар қаламраваш силоҳи тактикии ҳастаиро ҷой дод.
Раисиҷумҳури Беларус Александр Лукашенко гуфт, ки Русия дар пайи ҷойгир кардани силоҳи тактикии ҳастаӣ дар ин ҷумҳурӣ набуд, ин талабу дархости Минск буд, чун таҳдидҳо ба ин кишвар ҷой доранд.