ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Аз 14-ум то 15-уми июли соли равон дар вилоятҳои Хатлон, Суғд ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ чангбод сурат хоҳад гирифт.
Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон бо такя ба ҳавошиносон иттилоъ дода, афзуд, ки чангбод бо сабаби шиддат гирифтани шамол аз самти ҷанубу ғарб бармехезад.
Чанголудӣ ва ифлосии ҳаво дар ноҳияҳои ҷанубӣ ва марказии вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, шаҳри Душанбе ва шимоли вилояти Суғд дар назар мебошад.
КҲФ ичунин ҳушдор додааст, ки дар бархе аз навоҳии куҳии ҷумҳурӣ хатари селфароӣ низ афзоиш меёбад.
Аз ҷумла зикр шудаст, ки аз 11 то 12 июл дар баъзе ноҳияҳои ғарбии ВМКБ ва ноҳияҳои тобеи марказ омадани сели пиряхӣ имконпазир аст.
Дар ин робита КҲФ аз шаҳрвандон хостааст, ба беморони гирифтори бемориҳои дилу раг, диабети қанд ва гипертония таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намоянд.
Аз дӯстдорони кӯҳнавардӣ, авто, мото ва велосипедронии кӯҳӣ даъват шудааст, ки ҳангоми ҳаракат дар манотиқи кӯҳӣ қоидаҳои бехатарӣ, инчунин фосилаи муқарраршудаи ҳаракатро қатъиян риоя намоянд. Таъкид шудааст, ки эҳтимоли резиши сангу сел боқӣ мемонад.
Бастани тирезаҳо дар рӯзҳои чангбод ва нӯшидани оби бештар на камтар аз 2-2,5 литр дар як шабонарӯз аз тавсияҳои дигари КҲФ ба шаҳрвандони Тоҷикистон мебошад.