Шӯрои Федератсияи Русия хостори суръат бахшидан ба татбиқи лоиҳаи будубоши муҳоҷирон шуд

Тадбирҳо оид ба ҳамгироии иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ва мутобиқсозии шаҳрвандони хориҷӣ ва оилаҳои онҳо масъалаҳои амниятӣ дар Русияро ҳал хоҳанд кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Пешниҳоди ворид кардани тарҳи қонун ба Думаи давлатии Русия дар бораи ҷорӣ кардани низомҳои нави будубоши муҳоҷиронҳар чӣ зудтар бояд амалӣ шавад.
Дар ин бора муовини раиси Шӯрои Федератсия Константин Косачев изҳор дошт.
Ба гуфтаи ӯ, масъалаи танзими муҳоҷират дар ҷомеа ва ҳамчунин дарёфти тавозун байни ниёзҳои объективии иқтисоди ватанӣ ба коргарони хориҷӣ ва амният доғ аст.
"Ҳамчунин барои ҳамгироии иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ва мутобиқсозии шаҳрвандони хориҷӣ ва оилаҳои онҳо, аз ҷумла барои пешгирӣ аз ташаккул ва афзоиши анклавҳои муҳоҷирон, ки тибқи қоидаҳои худ зиндагӣ мекунанд ва кӯшиш мекунанд, ки онҳоро ба ҷомеа дикта кунанд, чораҳои муассир андешида шаванд", - гуфт сенатор.
Ӯ қайд кард, ки ин метавонад боиси вазъҳои низоъӣ дар соҳаи муносибатҳои байни миллатҳо шуда бошад.
Вазорати корҳои дохилии Русия омори будубоши муҳоҷирон дар ин кишварро ошкор кард
Қаблан Дмитрий Медведев, муовини раиси Шӯрои Амният гуфта буд, ки дар Русия тарҳи фарогире омода мешавад, ки шароити вуруд, хуруҷ ва будубоши хориҷиёнро танзим мекунад.