ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон кишвардори Тоҷикистон дар рӯзи чоруми сафари худ ба вилояти Суғд дар ҷашни Тиргон, Иди асал ва зардолу, ки дар аҳри Хуҷанд доир гардиданд, иштирок намуд.
Дар ин бора котиботи раисҷумҳури Тоҷикистон хабар дод.
Дар ин чорабин, дастранҷи кишоварзон, маҳсулоти корхонаҳои саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои гуногуни миллӣ, анвои зиёди маҳсулоти нонӣ, намоишҳои фолклорӣ пешкаши роҳбари давлат ва дигар мақомдорон гардид.
Дар гӯшаҳои намоишгоҳ полезӣ, зардолу, ғалладонагӣ ва дигар намуди маҳсулоти кишоварзӣ дар шаклҳои гуногун бо тасвирҳои зебо пешниҳод карда шуд.
Хоҷагидорони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд навъҳои гуногуни зардолуро мутобиқи анъанаҳои миллӣ, расму оин ва хусусиятҳои хоси зардолупарварӣ дар шакли тару хушк намоиш доданд.
Зикр гардид, ки алъон дар вилояти Суғд майдони умумии боғи зардолу наздики 50 ҳазор гектарро ташкил медиҳад, ки аз ин 34 389 гектараш ҳосилдиҳанда мебошад.
Ҳамчунин дар намоишгоҳ раванди хушконидани намудҳои гуногуни мева ва маҳсулоти аз зардолу омодашаванда муаррифӣ карда шуд.
Бо бунёди корхонаҳои коркард ва омӯзиши таҷрибаи пешқадам имрӯз хушконидани зардолу дар шаклҳои гуногун ба роҳ монда шудааст. Такмили ин раванд ва васеъ ба роҳ мондани хушконидани мева ба зиёдшавии имкониятҳои истеҳсолӣ оварда расонидааст.
Дар гӯшаи дигар занбӯриасалпарварони вилояти Суғд асал, гарди гул, шири модарзанбӯр, ширеш ва муми занбӯрро ба намоиш гузоштанд.
Теъдоди оилаҳои занбӯриасал ба ҳолати якуми июни соли 2023 дар Тоҷикистон ба 263 703 оила баробар шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 6 586 оила зиёд аст.
Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз имконияти васеи вилоят масъулони дахлдори соҳа ва хоҷагидоронро ба ворид намудани зотҳои сермаҳсули занбӯриасал, омӯзиши ҳарчи бештари таҷрибаи муосир, истифодаи пурраи имкониятҳои табиӣ ва таъмини афзоиши истеҳсоли ин намуди маҳсулоти табобатӣ вазифадор намуданд.
Инчунин дар ҳамин рӯз намудҳои гуногуни маҳсулоти нонӣ, қаннодӣ, тарзи омода кардани нишоло ва набот бо ороиши махсуси идона пешниҳод карда шуд.